Боздошти марди 45-сола барои таҷовуз ва қатли духтари 9-сола дар Хуросон

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти марди 45-солаи ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон хабар медиҳад, ки ба таҷовуз ва куштори ноболиғи 9-сола гумонбар мешавад. ВКД бо пахши ахбори расмӣ навиштааст, ки ҳодиса рӯзи 16-уми августи соли равон, тахминан соати 14:00 рух дод, ин мард дар ҳолати мастӣ духтарбачаи 9-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҳилолирро […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти марди 45-солаи ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон хабар медиҳад, ки ба таҷовуз ва куштори ноболиғи 9-сола гумонбар мешавад.

ВКД бо пахши ахбори расмӣ навиштааст, ки ҳодиса рӯзи 16-уми августи соли равон, тахминан соати 14:00 рух дод, ин мард дар ҳолати мастӣ духтарбачаи 9-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҳилолирро ба манзили истиқоматиаш оварда, ду маротиба ба номусаш таҷовуз карда, баъдан ӯро ба қатл расонидааст.

– Сипас, гумонбаршаванда бо мақсади рӯйпӯш намудани ҷинояти содирнамудааш ва ошкор нашудани шахсияташ духтарчаи хурдсолро ба саҳни ҳавлии манзили истиқоматиаш бурда, бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтан аз гарданаш бӯғӣ намуда, ба қатл расонидааст,-шарҳ медиҳад ВКД.

Гуфта мешавад, ки алайҳи гумонбаршаванда бо моддаҳои 104 қисми 2 ва 138 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Мақомот аз ин бештар ҷузъиёти дигар надодааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.