Сафорати Афғонистон дар Душанбе: Акси Ғаниро канду ба ҷойи он акси Амруллоҳ Солеҳро гузошт

Муҳаммад Зоҳири Ағбар  сафири Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар Тоҷикистон, имрӯз зимни як нишасти хабарӣ дар қароргоҳи сафорат дар Душанбе, ҳимояташро аз Амруллоҳ Солеҳ ба унвони сарпарасти раёсати ҷумҳурии кишвараш эълон кард. Ҳамчунин бо дастури сафир акси Ашраф Ғанӣ аз сафорат канда ва ба ҷойи ӯ акси Амруллоҳ Солеҳ насб шуд. Сафири Афғонистон дар суханронияш гуфт, […]

Иршод Сулаймонӣ, Asia-Plus

Муҳаммад Зоҳири Ағбар  сафири Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар Тоҷикистон, имрӯз зимни як нишасти хабарӣ дар қароргоҳи сафорат дар Душанбе, ҳимояташро аз Амруллоҳ Солеҳ ба унвони сарпарасти раёсати ҷумҳурии кишвараш эълон кард. Ҳамчунин бо дастури сафир акси Ашраф Ғанӣ аз сафорат канда ва ба ҷойи ӯ акси Амруллоҳ Солеҳ насб шуд.

Сафири Афғонистон дар суханронияш гуфт, ки "бо пайравӣ аз Қонуни Асосии кишвар, дар набуд, фирор ё марги раисҷумҳур, муовини аввал уҳдадори умури мамлакат мешавад, ки феълан ҷаноби Амруллоҳ Солеҳ, расман сарпарасти раёсати ҷумҳурӣ мебошад".

Худи Амруллоҳ Солеҳ як рӯз пеш дар саҳфаи Твиттераш эълон буд, ки бар асоси Қонуни асосӣ, дар сурати набудани президент, фирор ё маргаш, ӯ иҷрокунанда ё сарпарасти курсии раиси ҷумҳурии Афғонистон мебошад. Ашраф Ғанӣ рӯзи 15-уми август,  қабл аз расидани "Толибон" ба Кобул аз Афғонистон фирор кард ва маълум нест, ки дар куҷост.

"Дар зимн, тибқи муоҳидоти ҷаҳонӣ, намояндаи расмии мо дар Созмони милал барҳол буда ва парчами Афғонистон ба унвони ҳувияти миллии кишвар дар тамоми кишварҳои ҷаҳон ба эҳтизоз аст ва аз тамоми намояндагиҳои сиёсии давлати Ҷумҳурии исломии Афғонистон тақозо дорам, ки парчами миллии Афғонистонро собит ва барафрошта нигоҳ доранд",-гуфт Ағбар.

Толибон то кунун ба иддаои Амруллоҳ Солеҳ посух надодаанд, дар ҳоле ки баъзе аз вазирони худро таъин карданд ва дар сатҳи вилоятҳо низ волиён ё раисони ивлоятҳояшонро таъин мекунанд. 

Сафири Афғонистон дар ин нишасти хабарӣ дар Душанбе фирори Ашраф Ғаниро "хиёнат ба давлату миллат" номид ва иддао кард, ки "ӯ 169 миллион доллари мардуми кишварро бо худ бурдааст".

Сафири Афғонистон дар поёни ин нишасти хабарӣ дастур дод, ки аксҳои раисҷумҳури фирорӣ  пойин оварда ва акси муовини нахусти раёсатҷумҳурӣ Амруллоҳ Солеҳ дар канори акси Қаҳрамони милии Афғонистон – Аҳмадшоҳ Масъуд насб карда шавад. 

Дар ин нишасти Ағбар гуфт, ки аз пулиси байналмилалӣ ё Интерпол мехоҳад, ки дуздони сармояҳои миллии мардуми Афғонистон  – Ашраф Ғанӣ, Ҳамдуллоҳ Муҳиб мушовири амнияти милии ӯ ва Фазлмаҳмуд Фазлӣ раиси идораи умур ё дастгоҳи иҷроияи Ғаниро дастгир ва ба додгоҳи байналмилалӣ бисупоранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.