Дар Тоҷикистон дар як рӯз ду заминларза рух дод

Дар қаламрави ВМКБ, дар 38 километрии ҷанубу шарқи шаҳри Хоруғ заминларза бо қувваи 4 балл тибқи ҷадвали Рихтер сабт шуд, хабар медиҳад маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ. Гуфта мешавад, заминларза соати 16:34 дақиқаи рӯзи 18 август рух дода, қувваи заминларза дар маркази он 4 балл ва  дар шаҳри Хоруғ 3 баллро ташкил додааст. Ба […]

Asia-Plus

Дар қаламрави ВМКБ, дар 38 километрии ҷанубу шарқи шаҳри Хоруғ заминларза бо қувваи 4 балл тибқи ҷадвали Рихтер сабт шуд, хабар медиҳад маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ.

Гуфта мешавад, заминларза соати 16:34 дақиқаи рӯзи 18 август рух дода, қувваи заминларза дар маркази он 4 балл ва  дар шаҳри Хоруғ 3 баллро ташкил додааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин 18 август  тахминан соати 13:52 дақиқа дар  18 километр ҷанубу шарқ аз ноҳияи Тоҷикобод заминҷунбӣ сабт шуда, қувваи заминларза дар марказаш 3-4 балл ва  дар ноҳияи  Тоҷикобод  2-3  баллро ташкил додааст.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳоло аз талафоти ҷониву хисорот хабар нарасидааст.

Ёдрас мекунем, ки 10 июл бар асари заминларза дар қисмати шарқии Тоҷикистон, дар ноҳияи Тоҷикобод 5 нафар ҳалок шуданд. Қувваи заминларза дар марказаш 5-6 баллро ташкил дода, он дар Душанбе ҳам эҳсос шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.