Назди сафорати ИМА дар Бишкек паноҳандаҳои Афғонистон боз ба гирдиҳамойӣ пардохтанд

Назди сафорати ИМА дар пойтахти Қирғизистон – Бишкек имрӯз, 20 август гирдиҳамойии паноҳандагон аз Афғонистон идома ёфт. “Ба мо кумак лозим аст!”, – фарёд мезананд онҳо бо парчамҳои амрикоиву канадагӣ дар даст, хабар медиҳад АКИпресс. Онҳо ба талаби иҷозаи рафтанашон ба ИМА, Канада ё кишварҳои Аврупои Ғарбӣ, инчунин додани ҳуҷҷатҳои дахлдор идома медиҳанд. “Мо 20 […]

Asia-Plus

Назди сафорати ИМА дар пойтахти Қирғизистон – Бишкек имрӯз, 20 август гирдиҳамойии паноҳандагон аз Афғонистон идома ёфт.

“Ба мо кумак лозим аст!”, – фарёд мезананд онҳо бо парчамҳои амрикоиву канадагӣ дар даст, хабар медиҳад АКИпресс.

Онҳо ба талаби иҷозаи рафтанашон ба ИМА, Канада ё кишварҳои Аврупои Ғарбӣ, инчунин додани ҳуҷҷатҳои дахлдор идома медиҳанд.

“Мо 20 сол инҷониб дар Қирғизистон зиндагӣ мекунем, миннатпазирем. Барои мо муҳим аст, ки хоҳ Аврупову ИМА ва хоҳ Қирғизистону дигар давлатҳо бошад, мо бояд шиноснома ва ҳуҷаттҳои дахлдор дошта бошем”, – мегӯянд онҳо.

Ба ҳамин монанд гирдиҳамойи дирӯз, 19 август доир гардида буд. Баъди чанд соат ҷамъомадагон пароканда шуданд, чунки ба онҳо хабар доданд, ки барои баргузории чунин чорабинӣ иҷозаи шаҳрдории Бишкек лозим аст.

Доир ба ҷиҳати имрӯз иҷоза доштани ҷамъомадагон ба баргузории гирдиҳамойи маълумот дода намешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.