Роҳбар ва як масъули “дискотека”-и “Шоми Хатлон”-ро ҳабс карданд

Роҳбар ва назортачии маркази дилхушии “Шоми Хатлон” дар шаҳри Душанбе барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва иҷро накардани талаботи қонунии кормандони милитсия ба муҳлати 5-шабонарӯз ба ҳабсӣ маъмурӣ гирифта шуданд. Дар ин бора, маркази матбуотии Раёсати ВКД дар пойтахт хабар медиҳад. Манбаъ менависад, ки 18-уми августи соли ҷорӣ? соати 22:50 масъулони тарабхона реҷаи кориро дар […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Роҳбар ва назортачии маркази дилхушии “Шоми Хатлон” дар шаҳри Душанбе барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва иҷро накардани талаботи қонунии кормандони милитсия ба муҳлати 5-шабонарӯз ба ҳабсӣ маъмурӣ гирифта шуданд.

Дар ин бора, маркази матбуотии Раёсати ВКД дар пойтахт хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ки 18-уми августи соли ҷорӣ? соати 22:50 масъулони тарабхона реҷаи кориро дар шаб вайрон намуда, берун аз вақти муқарраргардида ба фаъолият машғул шудаанд.

Гуфта мешавад, ки масъулини тарабхона бо овози баланду гушхароши мусиқӣ ва дашному ҳақоратҳои мизоҷони худ оромии сокинонро халалдор ва тартиботи ҷамъиятиро вайрон намудаанд.

– Ин амали онҳо боиси норозигии шаҳрвандон гардида, новобаста аз огоҳӣ ва таъкиди кормандони милитсия ҷиҳати риояи талаботи шаҳрдорӣ ва иҷрои реҷаи корӣ маъмурияти ин маркази дилхушӣ ба фаъолияти ғайриқонунии худ идома додаанд,-менависад Раёсати ВКД.

Манбаъ мегӯяд, дар натиҷа, ки нисбати роҳбари тарабхона Миров Ғолибҷон ва назоратчӣ Шеров Сомон барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва иҷро накардани талаботи қонунии кормандони милитсия ҷиҳати батанзимдарории фаъолияти тарабхона  5-шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таъин гардид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.