Русия пойгоҳи низомиашро дар Тоҷикистон бо мушакҳои зиддитанкӣ тақвият дод

Date:

Ба пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон як миқдор комплекси мушакҳои зиддитонкии “Корнет” интиқол дода шуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Ҳавзаи марказии ҳарбӣ иттилоъ дод, хабар медиҳад РИА Новости.

“Пойгоҳи низомии 201-ум дар Тоҷикистон бо як миқдор комплексҳои мушакҳои зиддитанкии муосири “Корнет” муҷаҳҳаз гардид. Комплексҳои нав дар воҳидҳои артиллерии ҷузъу томҳои Русия истифода мешаванд”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, комплекси мушакҳои зиддитанкии “Корнет” барои зарбазанӣ ба техникаи зиреҳпӯш ва ҳадафҳои ҳавоии рақиб, аз ҷумла чархболу дастгоҳҳои парвозии бесарнишин пешбинӣ шудааст.

Роҳнамоии мушак ба ҳадаф тавассути нури лазерӣ сурат мегирад. Масофаи ниҳоии оташфишонӣ 5,5 км ва ҳадди ақалл – 100 метр мебошад.

Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон бузургтарин иншооти ҳарбии Русия берун аз ҳудуди ин кишвар буда, дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар мустақар аст. Ба ҳайати он ҷузъу том ва воҳидҳои гуногуни ҳарбӣ шомиланд.

Чанде пеш сарони кишварҳои узви СААД вазъият дар Афғонистонро баррасӣ намуданд. Кишварҳои узви Созмон аҳд намуданд, ки барои рушди ҳамкорӣ дар мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳое, ки аз қаламрави Афғонистон сар мезананд, кӯшишҳои иловагӣ ба харҷ медиҳанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...