Президент дар шаҳри Турсунзода иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ мекунад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 26 август ҷиҳати ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ ва боздид аз вазъи соҳаи кишоварзӣ ба шаҳри Турсунзода ташриф овард. Тавре дафтари матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, нахуст президенти мамлакат дар шаҳр марҳилаи аввали корхонаи истеҳсоли профили алюминийи ҶДММ "Алюмин Проф"-ро ба истифода дода, барои бунёди марҳилаи дуюми он санги асос […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 26 август ҷиҳати ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ ва боздид аз вазъи соҳаи кишоварзӣ ба шаҳри Турсунзода ташриф овард.

Тавре дафтари матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, нахуст президенти мамлакат дар шаҳр марҳилаи аввали корхонаи истеҳсоли профили алюминийи ҶДММ "Алюмин Проф"-ро ба истифода дода, барои бунёди марҳилаи дуюми он санги асос гузошт.

Зимни боздид аз корхона гуфта шуд, ки коргоҳи навтаъсис имконият дорад дар як сол 7,2 ҳазор тонна алюминийро коркард намуда, аз он наздик ба 100 навъи маҳсулоти ниҳоии саноатӣ истеҳсол намояд.

Дар ҳамин ҷо Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонии марҳилаи дуюми корхонаи истеҳсоли профили алюминийи "Алюмин Проф" расман оғоз бахшида, аз намоишгоҳи маҳсулоти корхонаҳои саноатии шаҳри Турсунзода дар саҳни корхонаи навтаъсис боздид намуд.

Дар идома Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии таълимии «Литсей – интернати шаҳри Турсунзода»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод, ки бо иқдоми соҳибкори ватанӣ, роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Эҳёи Сомониён» Ҷӯрабек Муҳибов сохта шудааст.

Бинои таълимии Литсей аз 44 синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ, аз ҷумла химия, физика, биология, математика, геометрия, омодагии дифои ҳарбӣ ва компютерӣ иборат буда, барои 1000 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст.

Сипас сарвари давлат дар маросими ба истифода додани бинои нави Муассисаи давлатии Мактаби кӯдаконаи санъати шаҳри Турусунзода ширкат варзид.

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун дар маросими ифтитоҳи боз як қатори иншооти ҷашнии дигар, аз ҷумла бузургтарин дар минтақа маҷмааи гармхонаҳо, Қасри шоҳмот ва Амфитеатр низ ҳузур хоҳад дошт.

Сафари кории президент ба шаҳри Турсунзода идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.