Таркиши нав дар наздикии фурудгоҳи Кобул. ИМА ба як маргталаб зарба зад

Дар пойтахти Афғонистон наздикии мавзеи фурудгоҳ рӯзи якшанбе таркиши шадид рух дод. Бино ба иттилои манбаъҳои расонаҳои ҷаҳонӣ дар раҳбарияти ИМА, зарба аз ҷониби низомиёни амрикоӣ сурат гирифтааст. Настоящее время менависад, онҳо як террористи маргталабро, ки нияти ҳамла ба фурудгоҳро доштааст, несту нобуд карданӣ будаанд. Низомиёни ИМА хабар доданд, ки ба як мошин зарба зада, […]

Asia-Plus

Дар пойтахти Афғонистон наздикии мавзеи фурудгоҳ рӯзи якшанбе таркиши шадид рух дод.

Бино ба иттилои манбаъҳои расонаҳои ҷаҳонӣ дар раҳбарияти ИМА, зарба аз ҷониби низомиёни амрикоӣ сурат гирифтааст. Настоящее время менависад, онҳо як террористи маргталабро, ки нияти ҳамла ба фурудгоҳро доштааст, несту нобуд карданӣ будаанд.

Низомиёни ИМА хабар доданд, ки ба як мошин зарба зада, рӯзи якшанбе як ҳавопаймои бидуни сарнишини амрикоӣ дар пойтахти Афғонистон онро нобуд кардаааст, чунки миқдори зиёди маводи тарканда дошту бевосита ба фурудгоҳи Кобул хатар эҷод мекард.

Мувофиқи изҳороти Фармондеҳии марказӣ, ки ба ин амалиёт масъул буд, ҳадаф ба гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ – Вилояти Хуросон” рабт дошт. Амрикоиҳо ин гурӯҳро дар таркиши пешина дар фурудгоҳ, ки бар асари он 13 низомии амрикоӣ ҷон бохтанд, гунаҳкор медонанд.

Хабаргузории Asvaka бо такя ба шоҳидон ҳодиса дар Твиттер гузориш медиҳад, ки таркиш бар асари ба бинои истиқоматӣ афтодани мушак рух додааст. Дар натиҷа ду нафар кушта ва се нафар маҷрӯҳ шуданд. Ба гуфтаи шоҳидон, дар байни онҳо занону кӯдакон низ ҳастанд, менависад РБК.

Associated Press хабар медиҳад, ки пулиси Афғонистон гуфтааст, дар наздикии фурудгоҳи Кобул як мушак афтода, дар натиҷа як кӯдак ҳалок шудааст.

Хабаргузории РИА Новости бо истинод ба шабакаи телевизионии CNN иттилоъ медиҳад, ки зимни зарбаи ИМА ба шаҳри Кобул, 9 нафар, аз ҷумла 6 кӯдак ҳалок шудааст.

Яке аз аъзои ин оила ҳамаи 9 қурбонии зарба ба мошини террористонро ном ба ном зикр кардааст, ки синни қурбониёни хурдсолтарин 2 ва 3-сола мебошад.

Яке аз пайвандони оила, ки бародари бархе аз кушташудагон буд, ба хабарнигори ин шабака гуфтааст, ки "як оилаи одӣ" аст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.