Толибон овозхони машҳури афғон Фаводи Андаробиро куштанд

Ҷангиёни созмони исломии бунёдгаронаи “Толибон” овозхони машҳури таронаҳои мардумии Афғонистон Фаводи Андаробиро куштанд. dw.com менависад, дар ин бора рӯзи шанбе, 28 август хешовандони ҳунарманд ба шабакаи телевизионии Times Now хабар додаанд. Тибқи ин маълумот, ҳунармандро аз хонааш берун бароварда, парронидаанд. Дар эҷодиёти худ ӯ зидди толибон таронаҳо месуруд. Маълумоти мазкурро дар Twitter вазири собиқи умури […]

Asia-Plus

Ҷангиёни созмони исломии бунёдгаронаи “Толибон” овозхони машҳури таронаҳои мардумии Афғонистон Фаводи Андаробиро куштанд. dw.com менависад, дар ин бора рӯзи шанбе, 28 август хешовандони ҳунарманд ба шабакаи телевизионии Times Now хабар додаанд.

Тибқи ин маълумот, ҳунармандро аз хонааш берун бароварда, парронидаанд. Дар эҷодиёти худ ӯ зидди толибон таронаҳо месуруд.

Маълумоти мазкурро дар Twitter вазири собиқи умури дохилии Афғонистон Масъуди Андаробӣ низ тасдиқ кардааст.

“Бераҳмии “Толибон” дар Андароб (ноҳияи вилояти Бағлон ва шаҳри ҳамноми он) идома дорад. Имрӯз онҳо сарояндаи мардумӣ Фаводи Андаробиро бераҳмона куштанд, ки ба ин водӣ ва сокинони он танҳо шодиву фараҳ мебахшид", – навиштааст ӯ.

Ба гуфтаи собиқ вазир, дар таронҳои сурудаи Андаробӣ зикр мешуд, ки кишвари ӯ ба бераҳмиҳои “Толибон” тобеъ нахоҳад шуд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.