Дар яке аз корхонаҳои Душанбе таркиш рух дод

Дар қаламрави ҶДММ “Нӯшокиҳои Искандар” воқеъ дар кӯчаи Раҳмон Набиеви ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шоми рӯзи 28 август таркиш рух дод. Тавре ки маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ин корхона нӯшокиҳои ташнашикан истеҳсол шуда, молики он сокини 34-солаи пойтахт Мирзоискандар Дониёров мебошад. Гуфта мешавад бинобар сабаби риоя нагардидани техникаи бехатарӣ дастгоҳи фишордиҳии (компрессор) […]

Дар қаламрави ҶДММ “Нӯшокиҳои Искандар” воқеъ дар кӯчаи Раҳмон Набиеви ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шоми рӯзи 28 август таркиш рух дод.

Тавре ки маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ин корхона нӯшокиҳои ташнашикан истеҳсол шуда, молики он сокини 34-солаи пойтахт Мирзоискандар Дониёров мебошад.

Гуфта мешавад бинобар сабаби риоя нагардидани техникаи бехатарӣ дастгоҳи фишордиҳии (компрессор) корхонаи мазкур таркидааст.

Зикр мегардад, ки дар натиҷаи таркиши дастгоҳи фишордиҳӣ хушбахтона, ягон нафар зарари ҷисмонӣ надидааст.

Дар бораи ҳаҷми зиёни расида ба корхона бар асари ин таркиш маълумот дода нашудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...