Ҳабси маъмурони маркази дилхушии “ПМС” барои лату кӯби мизоҷ

Бародарон, сокинони шаҳри Душанбе Афғон Саидови 23-сола ва Саидавлиё Саидови 21-сола, маъмурони маркази дилхушии «Зебои меҳр» (ПМС) воқеъ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт барои лату кӯби мизоҷ ба ҳабс гирифта шуданд. Тавре Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, муайян карда шудааст, ки маъмуру назоратчиёни тарабхонаи мазкур бо як гурӯҳ мизоҷони  маркази дилхушии «Зебои меҳр» (ПМС), […]

Asia-Plus

Бародарон, сокинони шаҳри Душанбе Афғон Саидови 23-сола ва Саидавлиё Саидови 21-сола, маъмурони маркази дилхушии «Зебои меҳр» (ПМС) воқеъ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт барои лату кӯби мизоҷ ба ҳабс гирифта шуданд.

Тавре Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, муайян карда шудааст, ки маъмуру назоратчиёни тарабхонаи мазкур бо як гурӯҳ мизоҷони  маркази дилхушии «Зебои меҳр» (ПМС), ки дар ҳолати мастӣ қарор доштаанд, муноқиша карда, як нафар мизоҷро зери латукӯби шадид қарор додаанд. дар натиҷа ӯ ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.

Гуфта мешавад, айни замон нисбати бародарон мутобиқи моддаи 237 Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дар маврди дигар иштирокчиёни ҷинояти мазкур чорабиниҳои тафтишотӣ идома дорад. Дар сурати исботи гуноҳ ба онҳо  2 соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.