ИМА ҳузури дипломатии худро дар Афғонистон мутаваққиф кард

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳузури дипломатии худро дар Афғонистон мутаваққиф карда, амалиётҳоро берун аз ҳудуди Кобул баргузор мекунад. Дар ин бора котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен изҳори назар кард, иттилоъ медиҳад хабаргузории ТАСС. Блинкен гуфт, ИМА бо истифода аз имконоти консулгарии худ дар пойтахти Қатар – Давҳа бо як гурӯҳ, ки ба он муовини роҳбари ҳайати […]

Asia-Plus

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳузури дипломатии худро дар Афғонистон мутаваққиф карда, амалиётҳоро берун аз ҳудуди Кобул баргузор мекунад. Дар ин бора котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен изҳори назар кард, иттилоъ медиҳад хабаргузории ТАСС.

Блинкен гуфт, ИМА бо истифода аз имконоти консулгарии худ дар пойтахти Қатар – Давҳа бо як гурӯҳ, ки ба он муовини роҳбари ҳайати ИМА оид ба Афғонистон Ян МакКэри сарварӣ мекунад, ба фаъолияти худ бо шумули анҷоми расмиёти консулгарӣ ва идоракунии кумаки башардӯстона идома мебахшад.

То парвози охирини ҳавопаймои ИМА аз Афғонистон дипломатҳои амрикоӣ дар қаламрави фурудгоҳи Кобул кор мекарданд.

“Дар муносибатҳои Амрико бо Афғонистон марҳилаи нав оғоз ёфт. Ин марҳилаест барои роҳандозии дипломатияи мо. Мо пайваста кӯшиш ба харҷ хоҳем дод, ки ба амрикоиҳо, шаҳрвандони хоиҷӣ ва афғонҳо барои тарк кардани Афғонистон кумак кунем. Умедворие надорем, ки ин кор хеле зуд ё осон ба анҷом хоҳад расид”, – гуфтааст ӯ.

Ба гуфтаи Блинкен, ҳудуди 100 нафар амрикоиҳо то ҳол дар Афғонистон боқӣ мондаанд. Ӯ илова намудааст, ки идомаи кумак ба шахсоне, ки мехоҳанд Афғонистонро тарк кунанд ва то 1 сентябр тарк накардаанд, мисли пешин ҳамчун уҳдадорӣ боқӣ мемонад.

Қаблан ИМА эълом дошт, ки хуруҷи неруҳои низомии худро аз Афғонистон анҷом додааст. Фурудгоҳи Кобул охирин иншоот дар Афғонистон буд, ки таҳти назорати артиши амрикоиҳо қарор дошт.

Нерӯҳои амрикоӣ шаби сешанбе Афғонистонро комилан тарк карда, ба ҳузури 20-солаи худ дар ин кишвар хотима бахшиданд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.