Идомаи мукофотгириҳо: аз Рустами Эмомаливу Убайдуллоеву Достиев то Бег Сабур

Имрӯз, 31 август раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ба бархе аз мансабдорони кунуниву пешина ва вакилони парлумон мукофоти давлатӣ супурд. Бино ба иттилои Хадамоти матбуотии президент дар миёни мукофотбурдаҳо сиёсмадорони кӯҳнакори тими Эмомалӣ Раҳмон низ ҳастанд. Гуфта мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон ба беш аз 90 ходими давлатӣ – раҳбарони ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия, роҳбарони пешини парламент ва аъзои ҳукумати кишвар, […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Имрӯз, 31 август раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ба бархе аз мансабдорони кунуниву пешина ва вакилони парлумон мукофоти давлатӣ супурд. Бино ба иттилои Хадамоти матбуотии президент дар миёни мукофотбурдаҳо сиёсмадорони кӯҳнакори тими Эмомалӣ Раҳмон низ ҳастанд.

Гуфта мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон ба беш аз 90 ходими давлатӣ – раҳбарони ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия, роҳбарони пешини парламент ва аъзои ҳукумати кишвар, медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон тақдим кардааст.

– Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  88 нафар бо Медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва 2 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, сарфароз гардиданд,- омадааст дар иттилои мазкур.

Манбаъи мо, аз Хадамоти матбуоти президент гуфт, ки ёвари президент дар умури равобити байналмилалӣ Аъзамшоҳ Шарифӣ ва сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи президент Абдуҷаббор Сатторзода бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар маросими мукофотсупорӣ аз мушкилоти 30 соли истиқлолият ёдоварӣ шуда, таъкид намудааст, ки дар он айёми пурфоҷиа хатари аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик мавҷуд буд.

Дар аксҳое, ки Хадамоти матбуотии президент нашр кардааст, дида мешавад, ки аксарияти аъзои ҳукумати феълӣ, ба шумули сарвазир, муовинони сарвазир, вазирон ва раисони кумитаҳо ва собиқ аъзои ҳукумат, вакилони собиқу ҳозира аз дасти раисҷумҳур унвон мегиранд.

Аз ҷумла, дар миёни мукофотгирифтаҳо Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода, сарвазир Қоҳир Расулзода, шаҳрдори собиқи Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, сарвазири пешин Оқил Оқилов, сиёсатмадорони куҳнакори тими президент Талбак Назаров, Абдумаҷид Достиев, Ҳамрохон Зарифӣ, муфтии кишвар Саидмукаррам Абдулқодирзода, академик Акбар Турсон, шоирон Аскар Ҳакиму Меҳмон Бахтӣ, нависанда Кароматулло Мирзоев ва дигар чеҳраҳои шинос дида мешавад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.