Чин бо маблағгузории БОР роҳи мошингарди Ҳулбук-Темурмалик-Кангуртро таъмиру таҷдид мекунад

Дар ин хусус вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва намояндаи ширкати чинии «China State Construction Xinjiang Construction Engineering Group Co.» Ма Йоунг шартнома ба имзо расониданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ, Азим Иброҳим аз ҳамкориҳои густурда дар соҳаҳои мухталифи Тоҷикистону Чин ёдовар шуда, ҳамчунин  изҳори боварӣ намуд, ки корҳои сохтмонӣ аз ҷониби […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар ин хусус вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва намояндаи ширкати чинии «China State Construction Xinjiang Construction Engineering Group Co.» Ма Йоунг шартнома ба имзо расониданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ, Азим Иброҳим аз ҳамкориҳои густурда дар соҳаҳои мухталифи Тоҷикистону Чин ёдовар шуда, ҳамчунин  изҳори боварӣ намуд, ки корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ширкати мазкур бо сифати баланд ва сари вақт ба анҷом хоҳанд расид.

Корҳои таъмиру навсозии роҳи мошингарди мазкур ду қитъаро фаро мегирад: Ҳулбук-Темурмалик ва Темурмалик-Кангурт. Масофаи умумии роҳ 60 километр ва паҳноиаш – аз 7 то 12 метрро ташкил медиҳад.

Мутобиқи лоиҳа, дар ин қитъа корҳои бунёди обу корез, 25 қубурҳои обгузар, наҳрҳои оҳану бетонӣ дар ду канори роҳ, сохтмони деворҳои муҳофизатӣ, 8 пул, хатҳои уфуқӣ, гузоштани аломатҳои роҳ ва сохтмони дигар иншооти зерсохтори он пешбинӣ шудааст.

Лоиҳаи тармиму таҷдиди роҳи мошингарди Ҳулбук – Темурмалик – Кангурт аз ҳисоби гранти Бонки осиёии рушд бо маблағи умумии 67,49 млн.  доллари ИМА ва 5,44 млн. доллар ИМА саҳми Тоҷикистон иҷроӣ карда мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.