Сухан аз ду қисм шудани Афғонистон: “Толибон” бо ҷабҳаи Панҷшер ба созиш нарасидаанд

 “Толибон” (ҳаракати фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) мегӯянд, музокироташон бо Ҷабҳаи муқовимати Панҷшер ба натиҷа нарасидааст ва ҳоло нерӯҳои онҳо дар атрофи ин вилоят қарор доранд. Дар ин бора, раиси Комиссияи даъват ва иршоди Толибон Амирхони Муттақӣ дар як навори савтӣ суҳбат кардааст. Бино ба гузориши  “Тулуънеюс” бо вуҷуди ин, Мутаққӣ ба ҳалли мусолитамомези ин мавзуъ […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

 “Толибон” (ҳаракати фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) мегӯянд, музокироташон бо Ҷабҳаи муқовимати Панҷшер ба натиҷа нарасидааст ва ҳоло нерӯҳои онҳо дар атрофи ин вилоят қарор доранд. Дар ин бора, раиси Комиссияи даъват ва иршоди Толибон Амирхони Муттақӣ дар як навори савтӣ суҳбат кардааст.

Бино ба гузориши  “Тулуънеюс” бо вуҷуди ин, Мутаққӣ ба ҳалли мусолитамомези ин мавзуъ бо Панҷшер изҳори умедворӣ кардааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки “Толибон” эълон карданд, ки то ду рӯзи дигар ҳукумати нави худро эълон мекунанд ва дар ин ҳукумат мақомоти аршади давлати пештара вуҷуд надоранд.

Эътирофи гуфтугӯи бентиҷа аз сӯи Толибон дар ҳолест, Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ, вазири дифои ҳукумати Ашраф Ғанӣ гуфтааст, охирин гузинае, ки дар Афғонистон мемонад, ин таҷзияи кишвар хоҳад буд, гузориш медиҳад “Тулуънеюс”

– Умед аст, Толибон бо пойи худ теша назананд, – гуфтааст Муҳаммадӣ.

Зоҳиран ин суханҳоро Бисмиллоҳ пас аз бенатиҷа анҷомидани гуфтугӯҳои “Толибон” бо Ҷабҳаи муқовимати Панҷшер гуфтааст.

Амирхони Мутаққӣ дар навори садоии ёдшуда, ҳамчунин аз мардуми Панҷшер хостааст, ки нагузоранд, онҳое ки ҷанг мехоҳанд қаламравӣ ин вилоятро ноором созанд.

Ӯ аз мардуми ин вилоят даъват кардааст, ки бо гурӯҳи “Толибон” бивайванданд.

Ҳоло гуфта мешавад, ки ҷанг дар Даҳани Панҷшер ва ағбаи Ховок ҷараён дорад ва “Толибон”мехоҳанд аз ин ду мавзеъ вориди Панҷшер шаванд.

Дар ҳоли ҳозир Панҷшер ягон вилоят ва минтақае дар Афғонистон аст, ки таҳти контроли Толибон нест.

Ҷабҳаи муқовиматро дар Панҷшер Аҳмад Масъуд раҳбарӣ мекунад, рӯзи 22 август ӯ эълом дошт, ки вилоятро ба дасти Толибон намесупорад.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.