Ҷабҳаи Аҳмади Масъуд: ҳукумати “Толибон” ғайриқонунист, мо ҳукумати худро эълом мекунем

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар Панҷшер ҳукумати эълонкарадаи Толибонро ғайриқонунӣ ва намунаи душманӣ ба мардуми Афғонистон номид. Ин ҷабҳа аз созмонҳои ҷаҳонӣ ва минтақаӣ, кишварҳои таъсиргузор хостааст бо ҳукумати Толибон ҳамкорӣ накунанд ва эълон кардааст, ки ба зудӣ сохтори ҳукумати интиқолии мардумсолро эълом хоҳад кард. Алӣ Майсам Назарӣ, масъули равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Панҷшер […]

Asia-Plus

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар Панҷшер ҳукумати эълонкарадаи Толибонро ғайриқонунӣ ва намунаи душманӣ ба мардуми Афғонистон номид. Ин ҷабҳа аз созмонҳои ҷаҳонӣ ва минтақаӣ, кишварҳои таъсиргузор хостааст бо ҳукумати Толибон ҳамкорӣ накунанд ва эълон кардааст, ки ба зудӣ сохтори ҳукумати интиқолии мардумсолро эълом хоҳад кард.

Алӣ Майсам Назарӣ, масъули равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Панҷшер бо раҳбарии Аҳмади Масъуд, дар саҳфаи фейсбукаш мавқеи расмии Ҷабҳаро нашр кардааст.

Бар асоси ин эъломия, Ҷабҳа "эълони кобинаи сарпараст аз сӯйи Толибонро ғайриқонунӣ ва намоди боризи душманӣ бо мардуми Афғонистон медонад".

Дар эъломия омадааст, ки мо аз тамоми шаҳрвандони Афғонистон мехоҳем, ки барои раҳоӣ аз ишғоли Толибон ва соири ҳампаймонони террористи он, ба муқовимат ва истодагарӣ идома диҳанд.

"Мардуми озода ва силаҳшӯри мо, чунонки дар гузашта дар баробари тамомиятхоҳӣ, ифротият, занситезӣ ва ҳукумати террористон муқовимат карданд, имрӯз низ то наҷоти кишвар аз дасти террористон ва толибон ба муқовимат идома медиҳанд ва ҳукумати ғайриқонунӣ ва номашруъи Толибонро дар Кобул таҳдиде ба суботу амнияти Афғонистон, минтақа ва ҷҳон медонанд",*омадааст дар эъломияи Ҷабҳаи муқовимат.

Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бовар дорад, ки эҷоди ҳукумати мардумсолор, машруъ ва қонунӣ, сирфан аз тариқи ирода ва раъйи мардум дар як интихоботи саросарӣ ва мавриди таъйиди ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад ба миён биояд. Таҳаммули як ҳукумати дастнишонда бар мардуми Афғонистон, хилофи каромати инсонӣ ва муғойири ҳуқуқ ва қавонини байналмилалӣ аст,- гуфта мешавад дар идомаи ин мавзеъгирӣ.

Ҷабҳаи муқовимати миллӣ аз Созмони миллали Муттаҳид, Шӯрои ҳуқуқи башари СММ, Иттиҳодияи Урупо, Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой, Иттиҳодияи ҳамкориҳои иқтисодии Ҷануби Осиё, Созмони ҳамкориҳои Иқтисодӣ (ЭКО), кишварҳои узви пружаи Қалби Осиё, Созмони ҳамкориҳои исломӣ ва кишварҳои таъсиргузори минтақа ва ҷаҳон хостааст, ки то эҷоди шароити мубтанӣ бар хости тамоми мардуми Афғонистон аз ҳамкории сиёсӣ ва дипломатик бо Толибон худдорӣ варзанд ва мардуми Афғонистонро дар раҳоӣ аз терроризм ва ишғол ҳамкорӣ кунанд.

Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, баъд аз машвара бо шахсиятҳои сиёсӣ ва кадрҳои тахасусӣ, ба зуди сохтори ҳукумати интиқолии мардумсолор ва посухгӯро эълом хоҳад кард,- гуфта мешавад дар охири ин эъломия.

Ҳамчунин Салоҳуддин Раббонӣ, раиси ҳизби Ҷамъияти исломии Афғонистон, Ато Муҳаммади Нур, волии пешини вилояти Балх, Раҳматулло Набил, раиси собиқи Раёсати амнияти милии Афғонистон ва бархе дигар чеҳраҳои сиёсии Афғонистон ҳукумати эълонкардаи Толибонро интиқод кардаанд ва бар хилофи манофеи мардуми Афғонистон донистаанд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.