Ҳукумати “Толибон”: Мавлавӣ Ҳайбатуллоҳ Охундзода – раҳбари олӣ ва Мулло Ҳасан Охунд – раиси ҳукумат

Толибон ҳукумати худро дар Кобул бо баргузор кардани як нишасти хабарӣ эълон карданд. Бар асоси эъломия Мавлавӣ Ҳайбатуллоҳ Охундзодаи 55-сола роҳбари олии Толибон эълон шуд. Мулло Муҳаммад Ҳасан Охнуд сарпарасти ҳукумати Толибон ё сарпарасти Раёсати вузаро таъин шудааст. Мулло Ҳасан Охунд дар ҳукумати қаблии Толибон (1996) вазири умури хориҷӣ буд. Аз таркиби ҳукумати "Толибон" дида мешавад, […]

Толибон ҳукумати худро дар Кобул бо баргузор кардани як нишасти хабарӣ эълон карданд. Бар асоси эъломия Мавлавӣ Ҳайбатуллоҳ Охундзодаи 55-сола роҳбари олии Толибон эълон шуд. Мулло Муҳаммад Ҳасан Охнуд сарпарасти ҳукумати Толибон ё сарпарасти Раёсати вузаро таъин шудааст.

Мулло Ҳасан Охунд дар ҳукумати қаблии Толибон (1996) вазири умури хориҷӣ буд.

Аз таркиби ҳукумати "Толибон" дида мешавад, ки он тавре пештар иддао мешуд ҳамашумл ва  фарогир нест, танҳо аз нафарони калидии худи толибон шакл гирифтааст.

Мулло Ғанӣ Бародар  ва Мавлави Абдусалом Ҳанафӣ муовинонии Мулло Ҳасан Охунд таъин шудааанд.

Толибон вазорати кор бо занонро аз кобинаи ҳукумати Афғонистон лағв кардаанд. Бар асоси эъломияи "Толибон" вазирони дигари кобинаи онҳо ба таври зер аст. 

Муҳаммад Яъқуб Муҷоҳид (писари Мулло Умар, бунёдгузори ҳаракати Толибон), сарпарасти вазорати дифоъ;

Мулло Сироҷиддин Ҳаққонӣ, сарпарасти вазорати дохила;

Амирхони Муттақӣ, сарпарасти вазорати умури хориҷа;

Мулло Ҳидоятуллоҳ Бадрӣ, сарпарасти вазорати молия;

Мавлавӣ Нуруллоҳ Мунир, сарпарасти вазорати маориф;

Мулло Харйллоҳ Хайрхоҳ, сарпарасти вазорати фарҳанг ва иттилоот;

Қорӣ Дин Ҳаниф, сарпарасти вазорати иқтисод;

Мавлавӣ Нурмуҳаммад Соқиб, сарпарасти вазорати Ҳаққ ва авқоф;

Мавлавӣ Абдулҳаким Шаръӣ, сарпарасти вазорати адлия;

Мулло Нуруллоҳ Нурӣ, сарпарасти вазорати сарҳадот ва қабоил;

Мулло Муҳаммадюнус Охундзода, сарпарасти вазорати вазорати инкишофи дещот;

Шайх Мущаммад Холид, сарпарасти вазорати даъват ва иршод, амри бил маъруф ва наҳи аз мункар;

Мулло Абдулманон Умарӣ, сарпарасти вазорати фавоиди омма;

Мулло Муҳаммад Исо Охунд, сарпарасти вазорати петролиум ва маъодин;

Мулло Абдуллатиф Мансур, сарпарасти вазорати обу барқ:

Мулло Ҳамидуллоҳ Охундзода, сарпарасти вазорати ҳавонавардӣ ва тронспурт;

Мавлавӣ Абдулбоқӣ Ҳаққонӣ, сарпарасти вазорати таҳсилоти олӣ;

Мавлавӣ Наҷибуллоҳ Ҳаққонӣ, сарпарасти вазорати мухобирот;

Ҳаоҷӣ Халилраҳмон Ҳаққонӣ, сарпарасти вазорати муҳоҷирин;

Мулло Абдулҳақ Васиқ, сарпарасти раёсати умумии истихборот;

Ҳоҷӣ Муҳаммад Идрис, сарпарасти Бонки миллии Афғонистон;

Мавлавӣ Аҳмадҷон Аҳмадӣ, сарпарасти идораи умур;

Мулло Муҳаммад Фозил Мазлум, муовини вазири дифоъ;

Қорӣ Фасеҳуддин, Луидристез кишвар-сардори Ситоди артиши Афғонистон;

ШерМуҳаммад Абос Истоникзай, муовини вазири умури хориҷӣ;

Мавлавӣ Нурҷалол, муовини вазири дохила;

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, муовини вазири фарҳангу иттиоот;

Мулло Тоҷ Мир Ҷавод, муовини нахусти раёсати умумии истихборот;

Мулло Раҳматуллоҳ Наҷиб, муовини идории раёсати умумии истихборот;

Мулло Абдулҳақ Охунд, муовини вазори дохила дар бахши мубориза бо маводи мухаддир;

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.