Олмон ба Тоҷикистон беш аз 100 ҳазор воя ваксина дод

Олмон ҳамчун кӯмаки башардӯстона ба Тоҷикистон 100 ҳазору 800 воя ваксинаи “AstraZeneca” ворид намуд. Дар ин бора, дафтари матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар медиҳад. Манбаъ менависад, ки ин кӯмак дар чаҳорчӯби механизми ҷаҳонии дастрасии одилона ба ваксинаҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (COVAX) бар зидди бемории COVID-19, 9 сентябри соли равон аз ҷониби кишвари […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Олмон ҳамчун кӯмаки башардӯстона ба Тоҷикистон 100 ҳазору 800 воя ваксинаи “AstraZeneca” ворид намуд. Дар ин бора, дафтари матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ки ин кӯмак дар чаҳорчӯби механизми ҷаҳонии дастрасии одилона ба ваксинаҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (COVAX) бар зидди бемории COVID-19, 9 сентябри соли равон аз ҷониби кишвари Олмон ба Тоҷикистон ворид гардид.

– Маросими расмии супоридани ваксинаҳои мазкур имрӯз, 10 сентябри соли ҷорӣ дар Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика бо иштироки намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Тоҷикистон баргузор гардид, – менависад манбаъ.

Гуфта мешавад, ки ваксинаҳои мазкур дар анборҳои махсус нигаҳдорӣ шуда, дар асоси нақшаи пешбинишуда ба аҳолӣ гузаронида мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.