Туркманистон ба ҳамлу нақли транзитии борҳои Тоҷикистон иҷоза дод, лекин ба таври чинӣ

Пас аз манъи 2,5-сола ҳукумати Туркманистон ба ҳамлу нақли борҳо ба Тоҷикистон ё аз Тоҷикистон тариқи қаламрави худ иҷоза дод. "Айни замон таҳвилгарон метавонанд интиқоли молро ба Тоҷикистон ё ба самти муқобил тавассути қаламрави Туркманистон анҷом диҳанд", – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон. Аммо, ба гуфтаи намояндаи Вазорати нақлиёт, ин корро дар […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Пас аз манъи 2,5-сола ҳукумати Туркманистон ба ҳамлу нақли борҳо ба Тоҷикистон ё аз Тоҷикистон тариқи қаламрави худ иҷоза дод.

"Айни замон таҳвилгарон метавонанд интиқоли молро ба Тоҷикистон ё ба самти муқобил тавассути қаламрави Туркманистон анҷом диҳанд", – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

Аммо, ба гуфтаи намояндаи Вазорати нақлиёт, ин корро дар шароити муайян анҷом додан мумкин аст: ронандаи туркман мошини боркашро аз як нуқтаи марз ба нуқтаи дигар мегузаронад. Масъалаҳои пардохти ҳақмузди ронандагони туркманро худи интиқолдиҳандагон ҳал мекунанд.

Яъне, дар асл ин маънои онро дорад, ки ҳар мошини боркаш дар ду тарафи марзи Туркманистон бояд ду ронанда дошта бошад.

Дар Вазорат мегӯянд, чанде аз таҳвилгарони тоҷик аллакай ба ҳамлу нақли транзитии молу маҳсулот бо ин тарз оғоз кардаанд.

Ин шартҳоро дар Вазорати нақлиёт ба тадбирҳои ҷониби Туркмаистон барои пешгирии паҳншавии коронавирус дар ин кишвар нисбат медиҳанд.

Аммо намояндагони ширкатҳои таҳвилгари молу маҳсулот дар суҳбат ба “Азия-Плюс” изҳор намуданд, ки доир ба ин масъала ҳоло сари тасмими муайяне нарасидаанд: ҳамлу нақли борро аз/ба Ховари Наздик (Эрон, Туркия ва чанде аз кишварҳои арабӣ) бо хатсайри Ӯзбекистон-Қазоқистон-Баҳри Каспий-Озарбойҷон идома бидиҳанд ё ба шартҳои нав розӣ шуда, боркашониро бо хатсайри пешина тариқи қаламрави Туркманистон, ки масофаи роҳро хеле камтар мекунад, барқарор намоянд.

Қобили зикр аст, ки феълан тақрибан бо ҳамин тарз бор аз Чин ба Тоҷикистон расонида мешавад: ронандаи Чин борро дар контейнери муҳрзада то гузаргоҳи “Кулма” оварда, сипас контейнер аз мошини Чин ба мошини Тоҷикистон бор карда мешавад.

Ёдрас мекунем, ки Туркманистон гузаштани воситаи нақлиётро тариқи қаламрави худ бо борҳои Тоҷикистон аввали моҳи феврали соли 2019 қатъ намуд.

Он замон дар Вазорати нақлиёт Тоҷикистон изҳор дошта буданд, ки аз сабаби ин амали ҷониби Туркманистон огаҳӣ надоранд, зеро ба саволҳои худ дар ин маврид аз ҳамтоҳои туркмани худ ҳеҷ посухе дарёфт намекунанд.

Лекин манбаъҳои ғайрирасмӣ бар ин назаранд, ки муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон гӯё бар асари аз сохтмони роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон даст кашидани ҷумҳурии мо пас аз мусоид шудани муносибатҳо бо Ӯзбекистон ба сардӣ гароид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.