Дар Тоҷикистон се тамрини низомии густардаи СААД доир мегардад

Нимаи моҳи октябр дар машқгоҳи “Ҳарбмайдон”, ки бевосита дар наздикии марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон ҷойгир аст, дар доираи чорабиниҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) якбора се тамрини низомӣ доир мегардад. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар дод, ин тамринҳо аз машқҳои воҳидҳои тадорукот ва роҳандозии иктишоф (разведка) “Поиск-2021”, воҳидҳои таъминоти моддӣ-техникии […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Нимаи моҳи октябр дар машқгоҳи “Ҳарбмайдон”, ки бевосита дар наздикии марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон ҷойгир аст, дар доираи чорабиниҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) якбора се тамрини низомӣ доир мегардад.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар дод, ин тамринҳо аз машқҳои воҳидҳои тадорукот ва роҳандозии иктишоф (разведка) “Поиск-2021”, воҳидҳои таъминоти моддӣ-техникии “Эшелон-2021” ва Нерӯҳои дастаҷамъии зудамал – “Взаимодействие-2021” иборатанд.

Ба гуфтаи манбаъ, дар ин робита дар Душанбе зимни мулоқоти сардори Ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳ – муовини аввали вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-лейтенант Эмомалӣ Собирзода бо сардори ситоди Ҳавҳаии марказии ҳарбии Русия генерал-лейтенант Михаил Теплинский ҷараёни омодагӣ ба ин тамринҳо баррасӣ шуд.

Айни замон кишварҳои узви СААД муҳлати дақиқи баргузории тамринҳои зикршуда ва шумори неруву воситаҳои техникиро барои иштирок дар он мувофиқа мекунанд.

Дар ҷараёни тамрини махсуси “Эшелон-2021” санҷишу таҷрибаи масоили ташкили таъминоти моддиву техникии неруҳои дастаҷамъонаи СААД зимни омодагӣ ва иҷрои амалиёти муштарак мавриди озмоиш ва амал қарор мегирад.

Ҳадаф аз тамрини “Поиск-2021” (Ҷустуҷӯ-2021) санҷиш ва дар амал озмоиш кардани ташкил ва пешбурди корҳои иктишоф (разведка) бо неру ва воситаҳои мақомоти иқтишофии кишварҳои узви Созмон мебошад.

Дар доираи тамрини муштараки “Взаимодействие-2021” (Ҳамкории мутақобила) Неруҳои дастаҷамъонаи зудамали СААД масоили омодагӣ ва баргузории амалиёти муштарак оид ба пешгирӣ ва қатъи низои мусаллаҳонаи сарҳадиро дар минтақаи Осиёи Марказӣ мавриди озмоишу амал қарор медиҳанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.