Президент ба хизматчиёни давлатии Рашт манзил дод

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Рашт президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар маросими ба истифода додани манзилҳои истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатӣ иштирок кард. Тавре хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, иншооти мазкур бо маблағгузории ҳукумати ҷумҳурӣ бунёд гардида, он аз 5 ошёна ва 48 манзили истиқоматӣ, аз ҷумла 16 якҳуҷрагӣ, 30 дуҳуҷрагӣ ва 2 […]

Asia-Plus

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Рашт президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар маросими ба истифода додани манзилҳои истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатӣ иштирок кард.

Тавре хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, иншооти мазкур бо маблағгузории ҳукумати ҷумҳурӣ бунёд гардида, он аз 5 ошёна ва 48 манзили истиқоматӣ, аз ҷумла 16 якҳуҷрагӣ, 30 дуҳуҷрагӣ ва 2 манзили истиқоматии сеҳуҷрагӣ иборат мебошад.

Президент ба хизматчиёни давлатӣ калидҳои манзилҳоро супорида, онҳоро ба хизмати софдилона ба манфиати давлату миллат ҳидоят намуд.

Ҳамчунин дар ноҳияи Рашт президент имрӯз бинои маъмурии ҷамоати шаҳраки Навобод, муассисаи таҳсилоти рақами 35 дар деҳоти ба номи Боқӣ Раҳимзодаро ифтитоҳ намуд. Иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Файзиддин Зиёвудинов бунёд шудааст.

Дар идома бо ҳузури сарвари давлат дар ноҳияи Рашт  боғчаи «Ахтарак» ифтитоҳ гардид. Он аз тарафи оилаи Ахмедовҳо сохта шуда, дорои шароити замонавӣ барои ба таълими томактабӣ фаро гирифтани 100 кӯдак мебошад. Оянда дар ҳамин ҷо барои то 200 нафар навраси дигарро ба таълими томактабӣ фаро гирифтан имкон фароҳам оварда мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.