Рустами Эмомалӣ бо раиси парлумони Қазоқистон мулоқот кард

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар доираи сафари расмӣ ба Қазоқистон рӯзи 23 сентябр бо раиси Сенати парлумони Қазоқистон Маулен Ашимбоев дидору гуфтушунид кард. Тавре маркази матбуоти Маҷлиси миллии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ масоили рушди робитаҳои байнипарумонии кишварҳо баррасӣ шуданд. Рустами Эмомалӣ саъйу талош ва нақши раҳбарияти […]

Asia-Plus

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар доираи сафари расмӣ ба Қазоқистон рӯзи 23 сентябр бо раиси Сенати парлумони Қазоқистон Маулен Ашимбоев дидору гуфтушунид кард.

Тавре маркази матбуоти Маҷлиси миллии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ масоили рушди робитаҳои байнипарумонии кишварҳо баррасӣ шуданд.

Рустами Эмомалӣ саъйу талош ва нақши раҳбарияти олии Тоҷикистону Қазоқистонро дар тавсеъа ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба таъкид дошт.

Зикр шуд, ки сарфи назар аз пандемия, соли 2020 ҳаҷми савдои дуҷониба байни кишварҳо ба нишондиҳандаи 1 млрд доллар наздик шуда, дар соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ин рақам қариб 100 млн доллар зиёд шудааст.

Зимни мулоқот вазъияти мураккабу хатарзо дар Афғонистон бараасӣ ва зикр шуд, ки он на танҳо мушкилии мардуми афғон, балки тамоми минтақа ба ҳисоб меравад. Таъкид гардид, ки барои ҳалли ҳамаҷонибаи мушкилоти Афғонистон, қабл аз ҳама, таъсис додани ҳукумати фарогир шарти зарурӣ ба ҳисоб меравад. Дар робита ба вазъи мураккаби кишвари ҳамсояи Афғонистон зарурати таҳкими ҳамкории ҳарбию техникӣ ҳамчун яке аз масъалаи умда ва афзалиятнок шуморида шуд.

Пас аз мулоқоти ҳайатҳо маросими баимзорасонии Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид.

Санади мазкурро аз ҷониби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва аз ҷониби Сенати Парламенти Қазоқистон Маулен Ашимбаев ба имзо расониданд.

Қобили зикр аст, ки дар доираи сафар Рустами Эмомалӣ бо нишони эҳтиром ба таъриху тамаддун ва ваҳдату ягонагии мардуми кишвари дӯсти Қазоқистон дар шаҳри Нур-Султон дар назди Маҷмааи «Муҳофизони Ватан» гулчанбар гузошта, бо лаҳзаи хомӯшӣ хотираи шаҳидони роҳи озодии Қазоқистонро пос дошт.

Ёдрас мекунем, ки дар ин сафар Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳуриро раисони кумитаҳо, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар Нур-Султон дидору гуфтушуниди Рустами Эмомалӣ бо президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар назар аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.