Моҳи охир Тоҷикистон ба Афғонистон ба 12,2 млн доллар маҳсулот фиристод

Моҳи августи соли 2021 ҳаҷми умумии гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Афғонистон 12,3 млн долларро ташкил дод, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ. Дар сохтори савдои дуҷониба байни кишварҳо 12,2 млн доллар (99,2% аз ҳаҷми умумӣ) ба содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва каме бештар аз 0,1 млн доллар (0,8%) ба воридот аз […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Моҳи августи соли 2021 ҳаҷми умумии гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Афғонистон 12,3 млн долларро ташкил дод, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ.

Дар сохтори савдои дуҷониба байни кишварҳо 12,2 млн доллар (99,2% аз ҳаҷми умумӣ) ба содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва каме бештар аз 0,1 млн доллар (0,8%) ба воридот аз Афғонистон рост меояд.

Ҳамагӣ давоми моҳҳои январ-августи соли 2021 ҳаҷми савдои дуҷониба байни Тоҷикистону Афғонистон 64,5 млн долларро ташкил додааст, ки 22% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба Афғонистон дар зарфи 8 моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 63,5 млн доллар ва воридот аз Афғонистон ба Тоҷикистон – 1 млн долларро ташкил медиҳад.

Маҳсулоти асосие, ки Афғонистон аз Тоҷикистон мегирад, неруи барқ аст. 65% содироти Тоҷикистон ба Афғонистонро дар соли 2020 барқ ташкил дода буд.

Қаблан аз Вазорати энергетикаи ҷумҳурӣ хабар дода буданд, ки сарфи назар аз вазъи сиёсӣ дар Афғонистон, интиқоли барқ ба ин кишвар қатъ нашудааст.

Дар Вазорат зикр карданд, ки дар қарордод бо Афғонистон оид ба интиқоли барқ дар соли 2021, содироти ҳудуди 1,5 млрд кВт/соат неруи барқ ба ин давлат пешбинӣ шудааст.

Ба ҷуз Афғонистон, барқи Тоҷикистон ба Ӯзбекистон низ интиқол дода мешавад. Ҳар ду кишвар ҳам қариб дар ҳаҷми баробар барқ мегиранд, лекин фарқият дар он аст, ки Афғонистон ду баробар гаронтар барқи Тоҷикистонро мехарад.

Давоми моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ маблағи умумии содироти неруи барқ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар 72,6 млн долларро ташкил дод, ки 56,3% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.