ВКД гунаҳкорони оташзании мошинҳои гаронбаҳои хориҷиро дар Душанбе ҷустуҷӯ дорад

Date:

Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт рӯзҳои 23 ва 26 сентябр ду мошини гаронбаҳои тамғаи хориҷии «Тойота Прадо” оташ зада шуданд.

Мошинҳои гаронбаҳои ҳарҷогарди истеҳсоли Ҷопон, ки шабона назди манзили моликони он қарор доштанд, бо истифода аз бензин сӯзонида шудаанд Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Шуъбаи БДА Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, автомашинаҳои хориҷии сӯзонидашуда рақамҳои давлатии ба истилоҳ “ҷолибу хотирмон” – ТJ 7007АВ 04 и TJ 0065 AA 04 доштаанд. Ҳар ду автомашина дар рӯйхати сабти Шуъбаи БДА Раёсати ВКД Тоҷикистон дар ВМКБ қарор доштаанд.

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар ин робита хабар медиҳад, ки аз рӯи далелҳои дар боло зикршуда парвандаҳои ҷиноятӣ боз шудааст.

Гуфта мешавад, шахсияти нафарони ҷиноят содиркарда муайян карда шуда, баҳри дастгир ва ба ҷавобарии ҷиноятӣ ҷалб намудани онҳо чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...