Дар Тоҷикистон 188 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шуд

Дар Тоҷикистон то 5 октябри соли равон 188 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23 ҳазор тонна зиёдтар мебошад. Ҳиссаи асосии ҳосили ҷамъоваришуда ба хоҷагиҳои вилояти Хатлон рост меояд, ки дар онҳо зиёда аз 133 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ. Ҳосили […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон то 5 октябри соли равон 188 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23 ҳазор тонна зиёдтар мебошад.

Ҳиссаи асосии ҳосили ҷамъоваришуда ба хоҷагиҳои вилояти Хатлон рост меояд, ки дар онҳо зиёда аз 133 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ.

Ҳосили ҷамъовардаи пахта дар вилояти Суғд, ки ин ҷо каме дертар ба ҷамъоварии ҳосил шурӯъ намуданд, ҳудуди 53 ҳазор тонна ва дар Ноҳияҳои тобеи марказ – 2 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Соли 2021 дар Тоҷикистон аз майдони умумии 174 ҳазору 155 гектар ҷамъоварии зиёда аз 400 ҳазор тонна пахта ба нақша гирифта шудааст.

Имсол ба пахтачинон барои 1 килои пахтаи ҷамъоваришуда 1 сомонӣ пардохт мекунанд. Соли гузашта 50 дирам медоданд.

Худи фермерҳо ба ширкатҳои харидор пахтаро бо нархи 8-9 сомонӣ мефурӯшанд. Соли гузашта ин нарх ба 4-5 сомонӣ баробар буд.

Тибқи ҳисоби коршиносон, хароҷот ба истеҳсоли 1 кило пахта бо назардошти гароншавии хизмтарасонии техникӣ ва нуриҳои минералӣ на камтар аз 9 сомониро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.