Путин Эмомалӣ Раҳмонро бо зодрӯзаш табрик гуфт

Имрӯз  раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо  Владимир Путин, президенти Русия суҳбати телефонӣ анҷом дод, хабар медиҳад Хадамоти матбуоти президент. Дар оғози суҳбат президенти Русия Путин  Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати Рӯзи таваллудаш табрик гуфта, ба ӯ дар ин росто таманниёти неки худро орзу намуд. Сарони ду давлат масъалаҳои мушаххаси муносибатҳои дуҷонибаи байнидавлатии шарикии стратегӣ ва дурнамои […]

Asia-Plus

Имрӯз  раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо  Владимир Путин, президенти Русия суҳбати телефонӣ анҷом дод, хабар медиҳад Хадамоти матбуоти президент.

Дар оғози суҳбат президенти Русия Путин  Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати Рӯзи таваллудаш табрик гуфта, ба ӯ дар ин росто таманниёти неки худро орзу намуд.

Сарони ду давлат масъалаҳои мушаххаси муносибатҳои дуҷонибаи байнидавлатии шарикии стратегӣ ва дурнамои рушду тавсеаи онҳоро мавриди гуфтугӯ қарор доданд.

Гуфта мешавад ба масъалаҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкории ду кишвар дар соҳаи амният, аз ҷумла тақвияти моддиву техникии ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон бо дарназардошти раванди рушди вазъият дар Афғонистон дар вақтҳои охир, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки тамосҳои доимии худро оид ба қазияи Афғонистон идома хоҳанд дод.

Ҳамчунин атрофи дигар ҷанбаҳои рӯзмарраи ҳамкориҳои минтақавӣ ва масъалаҳои алоҳидаи рӯзномаи минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.