Тоҷикистон сафари кӯдакони то 6 соларо ба Русия маҳдуд кард

Кӯдакони то 6 солаи Тоҷикистон баъди қабули охирин дозаи воксина зидди бемории фалаҷ (иОПВ-2) то 60 рӯз ба Федератсияи Русия сафар карда наметавонанд. Дар ин бора қарори сартабиби давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2021 қабул шудааст, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтиммоӣ кишвар. Қарори мазкур бо мақсади пешгирии интиқоли вирусҳои бо […]

Кӯдакони то 6 солаи Тоҷикистон баъди қабули охирин дозаи воксина зидди бемории фалаҷ (иОПВ-2) то 60 рӯз ба Федератсияи Русия сафар карда наметавонанд.

Дар ин бора қарори сартабиби давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2021 қабул шудааст, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтиммоӣ кишвар.

Қарори мазкур бо мақсади пешгирии интиқоли вирусҳои бо ваксина алоқаманди зидди бемории фалаҷ аз Тоҷикистон ба ин давлат қабул шудааст.

“Ин ба он хотир аст, ки баъди гирифтани воксинаи оихирини зидди бемории фалаҷ ваксина давоми 60 рӯз дар бадани кӯдак гардиш мекунад ва дар ин давра антитела пайдо мешавад. Аз ин пештар, дар наҷосати баъзе кӯдаконе, ки ба Русия рафтанд, вирус дида шуд. Ба хотири пешгирӣ, дар мувофиқа бо масъулини ин кишвар чунин қарор қабқл карда шуд”,- гуфт ба “Азия-Плюс” Наврӯз Ҷаъфаров сардори Раёсати бехатарии эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ.

Мавсуф гуфт, қарори мазкур танҳо ба Русия дахл дорад ва дигар давлатҳо то ҳол чунин дархост накардаанд.

Аз вазорат гуфтанд, харидорӣ намудани чиптаҳои ҳавопаймо барои кӯдакони ваксинашудаи то синни 6 сола танҳо бо шарти дар даст доштани ҳуҷҷати иммунизатсия бар зидди бемории фалаҷ иҷозат дода мешавад.

Дар робита ба масъалаи мазкур ниҳодҳои масъул вазифадор карда шуданд, ки тавассути нуқтаҳои санитарию карантинии фурудгоҳҳои кишвар ва гузаргоҳҳои заминӣ назорати сафари кӯдакони то синни 6 солаи Тоҷикистонро ба Россия дар давраи татбиқи қарори мазкур, бо дарназардошти ҳолатҳои истисноӣ пурзӯр намоянд.

Аз волидайн даъват ба амал оварда шудааст, ки қарори мазкурро нодида нагиранд ва то муҳлати мавриди амал қарор гирифтани он аз сафар бо кӯдакони то синни 6 солаи хеш ба Русия худдорӣ намоянд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.