Дар Тоҷикистон се машқи низомии бузургмиқёси СААД оғоз мешавад

Тамринҳо дар машқгоҳҳои “Ҳарбмайдон” ва “Момирак”, ки бевосита дар наздикии сарҳад бо Афғонистон ҷойгиранд, баргузор мешаванд. Аз 10 то 23 октябр дар доираи чорабиниҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дар машқгоҳҳои дар боло зикршудаи Тоҷикистон якбора се тамрини низомӣ баргузор мешавад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ. Ин тамринҳо аз машқҳои […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Тамринҳо дар машқгоҳҳои “Ҳарбмайдон” ва “Момирак”, ки бевосита дар наздикии сарҳад бо Афғонистон ҷойгиранд, баргузор мешаванд.

Аз 10 то 23 октябр дар доираи чорабиниҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дар машқгоҳҳои дар боло зикршудаи Тоҷикистон якбора се тамрини низомӣ баргузор мешавад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ.

Ин тамринҳо аз машқҳои воҳидҳои тадорукот ва роҳандозии иктишоф (разведка) “Поиск-2021”, воҳидҳои таъминоти моддӣ-техникии “Эшелон-2021” ва Нерӯҳои дастаҷамъии зудамал – “Взаимодействие-2021” иборатанд.

Дар ҷараёни тамрини махсуси “Эшелон-2021” санҷишу таҷрибаи масоили ташкили таъминоти моддиву техникии неруҳои дастаҷамъонаи СААД зимни омодагӣ ва иҷрои амалиёти муштарак мавриди озмоиш ва амал қарор мегирад.

Ҳадаф аз тамрини “Поиск-2021” (Ҷустуҷӯ-2021) санҷиш ва дар амал озмоиш кардани ташкил ва пешбурди корҳои иктишоф (разведка) бо неру ва воситаҳои мақомоти иқтишофии кишварҳои узви Созмон мебошад.

Дар доираи тамрини муштараки “Взаимодействие-2021” (Ҳамкории мутақобила) Неруҳои дастаҷамъонаи зудамали СААД масоили омодагӣ ва баргузории амалиёти муштарак оид ба пешгирӣ ва қатъи низои мусаллаҳонаи сарҳадиро дар минтақаи Осиёи Марказӣ мавриди озмоишу амал қарор медиҳанд.

Қобили зикр аст, ки ба ҳайати СААД кишварҳои Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон шомиланд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.