Хатсайри нави автобус миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

Номзад ба мансаби президенӣ аз Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон ва раисҷумҳури кунии ин кишвар Шавкат Мирзиёев дирӯз, 7 октябр зимни вохӯрии пешазинтихоботӣ бо интихобкунандагони вилояти Сирдарё ваъда додааст, ки байни вилояти Сирдарё ва Тоҷикистон ҳаракати автобусҳоро роҳандозӣ мекунад. Дар ин бора дафтари матбуотии президенти Ӯзбекистон хабар медиҳад. "Дар ояндаи наздик хатсайрҳои транзитии автобусҳо байни вилояти Сирдарё […]

Asia-Plus

Номзад ба мансаби президенӣ аз Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон ва раисҷумҳури кунии ин кишвар Шавкат Мирзиёев дирӯз, 7 октябр зимни вохӯрии пешазинтихоботӣ бо интихобкунандагони вилояти Сирдарё ваъда додааст, ки байни вилояти Сирдарё ва Тоҷикистон ҳаракати автобусҳоро роҳандозӣ мекунад. Дар ин бора дафтари матбуотии президенти Ӯзбекистон хабар медиҳад.

"Дар ояндаи наздик хатсайрҳои транзитии автобусҳо байни вилояти Сирдарё ва Тоҷикистон тавассути водии Фарғона роҳандозӣ мешаванд", – гуфтааст президенти Ӯзбекистон.

Дар доираи вохӯрии пешазинтихоботӣ бо интихобкунандагон, Мирзиёев ба сокинон дар бораи рушди нақлиёт ва инфрасохтори муҳандисии вилояти Сирдарё гуфтааст.

Ба гуфтаи ӯ, таъмир ва сохтмони роҳҳои мошингард, инчунин роҳандозии хатсайрҳои нав дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки айни замон ҳаракати автобусҳои байни Тошкант, Самарқанд, Тирмиз, Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент ва дигар шаҳрҳои бузурги Тоҷикистону Ӯзбекистон бинобар пандемия қатъ шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.