Бунёди 75 муассисаи тиббӣ дар Хатлон дар зарфи 9 моҳ

Аз оғози соли равон дар вилояти Хатлон 75 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Тавре ки аз Раёсати тандурустии вилоят хабар доданд, сохтмони иншооти мазкур аз сарчашмаҳои гуногун, аз ҷумла буҷети давлатӣ маблағгузорӣ шудааст. Дар ҳамин ҳол, зикр шуд, ки аз оғози сол барои сохтмон ва таъмири иншооти тиббӣ 54,9 млн сомонӣ […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Аз оғози соли равон дар вилояти Хатлон 75 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Тавре ки аз Раёсати тандурустии вилоят хабар доданд, сохтмони иншооти мазкур аз сарчашмаҳои гуногун, аз ҷумла буҷети давлатӣ маблағгузорӣ шудааст. Дар ҳамин ҳол, зикр шуд, ки аз оғози сол барои сохтмон ва таъмири иншооти тиббӣ 54,9 млн сомонӣ маблағгузорӣ шудааст.

Ба иттилои манбаъ, 75 иншооти низоми тандурустӣ – 5 беморхона, 5 дармонгоҳ, ки 4-тоаш дар деҳот сохта шудааст, 56 бунгоҳи тиббӣ, 4 коллеҷи тиббии хусусӣ, 3 дармонгоҳ (клиника)-и хусусӣ ва 1 маркази хусусии солимӣ мебошад.

“Бо вуҷуди чунин ҳаҷми сохтмон, то имрӯз 51 муассисаи тиббӣ бинои мустақили худро надорад ва дар ҷойҳои гуногун, аз ҷумла хонаву мактабҳо ҷойгир шудааст”, – изҳор дошт манбаъ.

Зимнан зикр шуд, ки бо дастгирии Вазорати тандурустӣ 11 шуъбаҳои сироятии беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳо аз таъмир бароварда шуда, бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардидаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.