Пешниҳод шуд, ки маблағи ҷаримаҳо барои пиёдагардон зиёд карда шавад

Прокуратураи генералии Тоҷикистон лоиҳаи қонунеро барои баррасӣ ба парлумон пешниҳод намуд, ки дар он пурзӯр кардани ҷазо барои пиёдагардон барои риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард пешбинӣ шудааст. Тавре дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ хабар медиҳад, лоиҳаи Қонуни ҶТ «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ» 11 октябр дар […]

Прокуратураи генералии Тоҷикистон лоиҳаи қонунеро барои баррасӣ ба парлумон пешниҳод намуд, ки дар он пурзӯр кардани ҷазо барои пиёдагардон барои риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард пешбинӣ шудааст.

Тавре дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ хабар медиҳад, лоиҳаи Қонуни ҶТ «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ» 11 октябр дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баррасӣ шудааст.

Гуфта мешавад, пиёдагардоне, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои автомобилгардро риоя намекунанд, хеле зиёданд, лекин дар аксари ҳолатҳо ронандагон ҷазо дода мешаванд.

“Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки теъдоди муайяни ба вуҷуд овардани ҳодисаҳои садамаҳои роҳу нақлиётӣ аз ҷониби пиёдагардон дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, алалхусус аз ҷойҳои муқаррарнашуда гузаштани онҳо ба амал меоянд”, – омадааст дар хабар.

Ба иттилои манбаъ, тибқи талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, дар пулҳо, роҳҳои болои ҳам сохташуда, роҳҳои сесатҳа (эстакадаҳо) гаштугузор, рафтуомади пиёдагардон манъ буда, онҳо танҳо бояд аз гузаргоҳҳои зеризаминии дар сатҳи дуюм сохташуда истифода намоянд.

“Таҳлилҳо нишон доданд, ки пиёдагардон қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, алалхусус дар роҳҳои автомобилгарде, ки дар он шумораи зиёди нақлиёт ҳаракат менамоянд,  вайрон карда, аз ҷойҳои  муқаррарнашуда гузашта, ҳаёт ва саломатии худ ва дигаронро зери хатар қарор медиҳанд”, – таъкид мешавад дар хабари дафтари матбуоти парлумон.

Зикр мегардад, ки соли 2020 дар ҳудуди  шаҳри Душанбе 183 132 адад вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 35 926 адади он аз тарафи пиёдагардон содир гардидааст.

Ба ақидаи муаллифони лоиҳаи қонун, ҷазоҳои ба тариқи маъмурӣ татбиқгардида оид ба ин намуди ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ба монанди огоҳӣ ва ҷаримаҳои ночиз ба беҳтар шудани ҳолати риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо аз ҷониби пиёдагардон мусоидат намекунад.

Гуфта мешавад, инчунин дар лоиҳаи Қонун масъалаи ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидан барои аз сабзазор ё гулзори ҳамшафати роҳҳо ва боғҳои ҳудуди шаҳр ва дигар маҳалҳои аҳолинишин гузаштан низ пешбинӣ гардидааст.

Инчунин зикр мегардад, ки қабули лоиҳаи Қонуни мазкур аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб наменамояд.

Дар хабари дафтари матбуоти парлумон дар бораи то кадом андоза зиёд шудани ҳаҷми ҷарима маълумот дода намешавад.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” муовини раиси Кумитаи парлумон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзода дар ин робита хабар дод, агар имрӯз барои аз ҷониби пиёдагардон риоя нашудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва гузаштани роҳ дар ҷойи муқарранашуда огоҳӣ дода шуда, ё 7 сомонӣ ҷарима шавад, пас баъди қабули тағйирот ҷарима 30 сомониро ташкил дода метавонад.

Ғайр аз ин, ба гуфтаи ӯ, агар имрӯз ҳаҷми ҷарима барои ронадагони мопеду велосипед ва ронандагони дигар воситаҳои нақлиёт, ки аз роҳ истифода бурда, ба аломатҳои чароғак ё танзимгар ё дигар қоидаҳои ҳаракат дар роҳ риоя намекунанд, аз 30 то 60 сомонӣ ҷарима муқаррар шудааст ва баъди қабули тағйирот ҳаҷми он аз 60 то ба 120 сомонӣ боло меравад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.