Дар минтақаҳои Тоҷикистон интиқоли барқро қатъ мекунанд. Бидуни огаҳӣ аз лимит

Date:

Дар минтақаҳои Тоҷикистон қатъи сартосарии интиқоли неруи барқ оғоз ёфт. Дар ин бора сокинони як қатор шаҳру навоҳӣ, аз ҷумла Турсунзода, Кӯшониён, Рӯдакӣ, Восеъ, Ҳамадонӣ ва ғайра хабар медиҳанд.

Интиқоли барқ рӯзона – аз соати 8-и субҳ то соати 17 ё 18-и бегоҳ қатъ мешавад.

Дар бораи ҷорӣ кардани реҷаи маҳдуди истифодаи барқ ё худ лимит чизе гуфта намешавад. Дар ШСХК “Барқи тоҷик” баъзан қатъ шудани интиқоли барқро ба баргузории корҳои нақшавии таъмиру навсозӣ барои омода кардани хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳои иқтидорашон гуногун ба мавсими зимистон вобаста медонанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” сухангӯи ширкат Нозирҷон Ёдгорӣ хабар дод.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Дар робита ба қатъи интиқоли барқ талабот ба шамъ зиёд шуд

Кормандони хадамоти маҳаллии масъули барқ низ чунин суханҳо гуфта, итминон медиҳанд, ки ин муваққатӣ аст.

Дар ҳамин ҳол, раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ ҳанӯз моҳи май ба омодагирӣ ба мавсими зимистон ишора карда буд.

Соли гузашта низ дар мавсими тирамоҳ дар минтақаҳо интиқоли барқ қатъ гарида, он замон ҳам сабаби онро ба баргузории корҳои нақшавии таъмиру навсозӣ ҷиҳати омодагӣ ба мавсими зимистон нисбат медоданд. Бо кадом сабабе ин корҳо на дар фасли тобистон, балки маҳз дар тирамоҳ гузаронида мешаванд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Дар кӯдакистони тобеъи ТАЛКО дар Турсунзода дарахтони хушкро мебуранд, то ки ба кӯдакон хӯрок пазанд. Лекин ин ҷо дар бораи маҳдудият сухан намеравад, интиқоли барқ барои пардохт нашудани маблағи истифодаи он қатъ шудааст.

…  Ахиран реҷаи маҳдуди истифодаи барқ дар Тоҷикистон 6 январи соли 2021 ҷорӣ шуда буд. Он дар деҳот, ки он ҷо хонаҳои истиқоматии баландошёна нестанд, ҷорӣ гардид.

Имрӯзҳо, ки метавон гуфт рӯзона қариб барқ нест, сокинони кишвар боз ҳам маҷбуранд, ки бо ҳезум ё таппак хӯрок пазанд.

ГАЛЛЕРЕЯ (2)


Вобаста ба қатъи интиқоли барқ, талабот ба шамъу ангишт, ҳезум ва гӯгирд дар бозорҳо зиёд шуд. Ҳол нархи онҳо боло нарафатаааст, лекин норасоии ин маҳсулот эҳсос мешавад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Аҳолии деҳот ҳезум захира мекунад, барои харидани ангишт пул нест

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...