ИА ба Афғонистон таъҷилан 1 млрд евро кумак мекунад

Иттиҳоди Аврупо (ИА) ба Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя ба сифати кумаки таъҷилӣ ҳудуди 1 млрд евро медиҳад. Тавре DW хабар медиҳад, дар ин бора рӯзи сешанбе, 12 октябр раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен пеш аз нишасти G20 оид ба масоили Афғонистон изҳори назар кардааст. Бастаи кумак 300 млн евро барои ҳадафҳои башардӯстонаро дар […]

Иттиҳоди Аврупо (ИА) ба Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя ба сифати кумаки таъҷилӣ ҳудуди 1 млрд евро медиҳад. Тавре DW хабар медиҳад, дар ин бора рӯзи сешанбе, 12 октябр раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен пеш аз нишасти G20 оид ба масоили Афғонистон изҳори назар кардааст.

Бастаи кумак 300 млн евро барои ҳадафҳои башардӯстонаро дар бар мегирад, ки ҷудо шудани онҳо қаблан мувофиқа шуда буд.

Равона кардани на камтар аз 250 млн евро аз маблағи умумӣ ба таъмини роҳандозии чорабиниҳо дар бахши тандурустӣ пешбинӣ шудааст.

Маблағҳо барои дастгирии ҳам мардуми афғон ва ҳам сокинони кишварҳои ҳамсоя, ки ба афғонҳо кумак карданд, таъин шудааст.

“Мо бояд ҳамаи кори аз дастамон меомадаро кунем, то ки аз шикасти бузургмиқёси башарӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодӣ пешгирӣ шавад. Инро мо зуд анҷом доданамон лозим аст”, – изҳор доштааст фон дер Ляйен ва илова намудааст, ки мардуми афғон набояд барои амали ҳаракати тундгарои исломии “Толибон” азият кашад.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.