Чӣ гуна фаронсавиҳо Эмомалӣ Раҳмонро пешвоз гирифтанд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба шаҳри Париж омада, ӯро бо тамоми расмиёт хеле самимона ва пуршукуҳу шаҳомат пешвоз гирифтанд. Дар доираи сафари расмӣ Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Фаронса Эманнуэл Макрон ва роҳбарони воломақоми ин кишвар мулоқоту вохӯрӣ доир намояд. Дар назар аст, ки  вазъи Афғонистон дар меҳвари гуфтушунидҳои Париж қарор хоҳад гирифт. Фаронса ва […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба шаҳри Париж омада, ӯро бо тамоми расмиёт хеле самимона ва пуршукуҳу шаҳомат пешвоз гирифтанд.

Дар доираи сафари расмӣ Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Фаронса Эманнуэл Макрон ва роҳбарони воломақоми ин кишвар мулоқоту вохӯрӣ доир намояд.

Дар назар аст, ки  вазъи Афғонистон дар меҳвари гуфтушунидҳои Париж қарор хоҳад гирифт. Фаронса ва Тоҷикистон аввалин шуда зидди ба расмият шинохтани ҳукумати Толибон дар Афғонистон изҳори назар карданд.

ҳамчунин дар доираи сафар Эмомалӣ Раҳмон 13 октябр дар Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи нигораҳои таърихии “Тоҷикистон – кишвари рӯдҳои тиллоӣ”, ки дар Осорхонаи миллии санъати шарқ – Гимеи шаҳри Париж доир мегардад, иштирок мекунад.

Инчунин иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар дафтари кории ЮНЕСКО (Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг) ба нақша гирифта шудааст.

Пагоҳ Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон бармегардад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.