G20 тасмим гирифт, ки ҳукумати Толибонро ба расмият намешиносад

Кишварҳои узви “Бистгонаи бузург” (G20) вобаста ба вазъи Афғонистон нишаст барпо намуданд. Дар натиҷа тасмим гирифта шуд, ки кумаки башардӯстона ба ин кишвар зиёд карда шуда, лекин толибон ба расмият шинохта намешаванд. Сарони кишварҳои Русия ва Чин дар нишаст ҳузур надоштанд Дар ин бора РБК хабар медиҳад. Гуфта мешавад, дар нишаст масоили зарурати кумаки таъҷилии […]

Asia-Plus

Кишварҳои узви “Бистгонаи бузург” (G20) вобаста ба вазъи Афғонистон нишаст барпо намуданд. Дар натиҷа тасмим гирифта шуд, ки кумаки башардӯстона ба ин кишвар зиёд карда шуда, лекин толибон ба расмият шинохта намешаванд. Сарони кишварҳои Русия ва Чин дар нишаст ҳузур надоштанд Дар ин бора РБК хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, дар нишаст масоили зарурати кумаки таъҷилии башардӯстона ба Афғонистон, мубориза бо терроризм, озодии равуо дар дохили Афғонистон ва берун рафтан аз ҳудуди он баррасӣ шуданд.

Ҳамаи кишварҳои узви 20-гона, ки 19 иқтисоди бузургтарини ҷаҳон ва Иттиҳоди Аврупоро муттаҳид мекунад, ба мувофиқа расиданд, ки дар ин кишвар аз паҳншавии терроризм пешгирӣ шуда, ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ ва занон таъмин шаванд ва дар самти мубориза бо буҳрони башардӯстона тадбирҳо андешида шаванд.

“Ҳукумати “Толибон” фарогир нест, аз ин рӯ, ба расмият шинохтани ин ҳаракат дар рӯзномаи нишаст ҷой надошт”, – изҳор намуд аз рӯйи натиҷаҳои нишаст канслери Олмон Меркел (гуфтаҳои ӯро Reuters меорад).

Меркел ҳамчунин зикр кардааст, ки аз ҳукумати нави Афғонистон талаб мешавад, ки ба фаъолияти ҳамаи ташкилоту созмонҳои СММ роҳ дода шуда, имкон диҳанд, ки онҳо мувофиқи салоҳдиди худ кор кунанд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.