CММ тариқи қаламрави Ӯзбекистон ба Афғонистон кумак мефиристад

Раёсати умури паноҳандагони СММ ҳушдор медиҳад, ки  буҳрони башардӯстона дар Афғонистон печидатар шуда, барои кумак ба 20 млн нафар афғонҳо таъҷилан маблағ лозим аст. Аз замоне, ки дар СММ барои амалиёти башардӯстона дар Афғонистон 606 млн доллар дархост намуданд, як моҳ сипарӣ шуда, лекин то ҳол ҳамагӣ 35% аз ин маблағ дастрас шудааст. Ин маблағ […]

Раёсати умури паноҳандагони СММ ҳушдор медиҳад, ки  буҳрони башардӯстона дар Афғонистон печидатар шуда, барои кумак ба 20 млн нафар афғонҳо таъҷилан маблағ лозим аст.

Аз замоне, ки дар СММ барои амалиёти башардӯстона дар Афғонистон 606 млн доллар дархост намуданд, як моҳ сипарӣ шуда, лекин то ҳол ҳамагӣ 35% аз ин маблағ дастрас шудааст. Ин маблағ барои ҷилавгирӣ аз суқути комили иқтисоди Афғонистон зарур аст.

Намояндаи Раёсати умури паноҳандагони СММ Бабар Балох, ки дар Кобул қарор дорад, изҳор доштааст, ки Раёсат ба корҳои ташкили марказҳои ҳамлу нақл (логистикӣ) дар кишварҳои ҳаммарз бо Афғонистон машғул аст, то ки ба садҳо ҳазор нафар кӯчбастаҳои дохилии ин кишвар кумаки таъҷилӣ расонад.

“Шабҳо аллакай ҳаво хеле сард мешавад ва ба одамоне, ки бесарпаноҳ мондаанд, кумаки таъҷилӣ лозим аст”, – гуфтааст Балох.

Ба қавли ӯ, шумори афғонҳои ба дастгирӣ ниёздошта ба 20 млн нафар расида, ҳамарӯза меафзояд.

Ояндаи наздик Раёсат тасмим гирифтааст, ки се ҳавопайморо бо кумаки башардӯстона ба шаҳри Тирмизи Ӯзбекистон фиристад, то ки сипас тариқи гузаргоҳи сарҳадии Хайратон бо автомашинаҳои боркаш онҳо ба Мазори-Шариф интиқол дода шаванд.

Дар СММ огоҳ мекунанд, ки имрӯз ҳамагӣ 5%-и оилаи афғонҳо бо ғизои зарурӣ таъминанд. Зиёда аз нисфи кӯдакони синни то 5-сола гуруснагӣ мекашанд ва бе кумак аҳволи онҳо хеле бад шуда, фурсати кумак кардан аз даст меравад.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.