Корманди комисариати ҳарбӣ барои озод кардан аз хизмати ҳарбӣ 22 ҳазор сомонӣ талаб кардааст

Сардори Дастгоҳи алоқаи махсуси махфии зершӯъбаи алоқаи Комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон барои бо роҳи фиреб гирифтани пора бо ваъдаи аз хизмати ҳарбӣ озод намудан боздошт гардид, хабар медиҳад Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия. Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентӣ, Раҷабалӣ Дӯстов бо истифода аз ваколати хизматӣ бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Сардори Дастгоҳи алоқаи махсуси махфии зершӯъбаи алоқаи Комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон барои бо роҳи фиреб гирифтани пора бо ваъдаи аз хизмати ҳарбӣ озод намудан боздошт гардид, хабар медиҳад Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентӣ, Раҷабалӣ Дӯстов бо истифода аз ваколати хизматӣ бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ аз шаҳрванд “А” барои аз хизмати ҳарбӣ озод намудани бародараш маблағи 22 ҳазор сомонӣ талаб намудааст.

Дар натиҷаи гузаронидани чораҳои оперативӣ-тафтишотӣ номбурда  дар ҷойи ҳодиса дастгир карда шуда, аз ӯ маблағи 22 ҳазор сомонӣ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Раҷабалӣ Дӯстов парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, ба Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд. Мутобиқи ин моддаи қонун ба ӯ то 8 соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.

Ёдрас мекунем, ки аз 1 октябр дар Тоҷикистон маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ оғоз гардида, то имрӯз нисфи нақшаи даъват иҷро шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.