Бритониё аз ҳукумати фарогир дар Афғонистон истиқбол кард

Зоҳир Ағбар, сафири  Афғонистон дар Тоҷикистон дар саҳифаи фейсбукаш навиштааст, ки дар дидор бо Тим Ҷонс, сафири нави Бритониё дар Тоҷикистон дар робита ба вазъияти ҷорӣ ва таҳаввулоти сиёсӣ дар Афғонистон гуфтугӯ намудааст. Ағбар ба нақл аз Тим Ҷонс гуфтааст, ки кишварҳо дар нишасти гуруҳи "G20" дар бораи машруъият ва расмият бахшидани Толибон баҳс хоҳанд […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Зоҳир Ағбар, сафири  Афғонистон дар Тоҷикистон дар саҳифаи фейсбукаш навиштааст, ки дар дидор бо Тим Ҷонс, сафири нави Бритониё дар Тоҷикистон дар робита ба вазъияти ҷорӣ ва таҳаввулоти сиёсӣ дар Афғонистон гуфтугӯ намудааст.

Ағбар ба нақл аз Тим Ҷонс гуфтааст, ки кишварҳо дар нишасти гуруҳи "G20" дар бораи машруъият ва расмият бахшидани Толибон баҳс хоҳанд кард.

"Кӯмакҳои башардӯстонаи мо ба мардуми Афғонистон идома дорад ва талоши мо бештар ба даст ёфтан ба сулҳу субот ва як ҳукумати фарогир барои Афғонистон аст", – изҳор доштааст Тим Ҷонс зимни суҳбат.

Зоҳир Ағбар дар сӯҳбат бо сафири Бритониё гуфтааст, ки ҳанӯз аксари раҳбарони Толибон дар рӯйхати сиёҳи Созмони Милал сабт аст ва онҳо  бо шабакаҳои ҳаросафканӣ амалан ҳамкорӣ доранд.

Дар поён Ағбар ба расмият шинохтани Толибонро  маънои машруъият додан ба гурӯҳҳои ҳаросафкан дониста, навиштааст, ки тамоми силоҳи низомӣ дар ихтиёри як гурӯҳи ҳаросафканӣ аст, ки бидуни шак, хатаре барои минтақа ва ҷаҳон хоҳад буд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.