Сафорат: Бар асари сӯхтор дар Маскав ҳуҷҷатҳои 17 шаҳрванди Тоҷикистон нобуд шуд

Рӯзи 20 октябр дар ҳудуди иншооти  сохтмонии  воқеъ дар назди метрои “Рассказовка”-и шаҳри Маскав  сӯхтор ба амал омад. Дар иншооти  мазкур беш аз 100 нафар шаҳрванди Тоҷикистон  тибқи шартнома бо 4 ширкати сохтмонӣ ба кор ҷалб шуда, фаъолият менамоянд. Мавриди зикр аст, ки 80  нафари онҳо  дар хобгоҳи  ҳамон сохтмон иқомат мекунанд. Сӯхтор дар натиҷаи  […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Рӯзи 20 октябр дар ҳудуди иншооти  сохтмонии  воқеъ дар назди метрои “Рассказовка”-и шаҳри Маскав  сӯхтор ба амал омад.

Дар иншооти  мазкур беш аз 100 нафар шаҳрванди Тоҷикистон  тибқи шартнома бо 4 ширкати сохтмонӣ ба кор ҷалб шуда, фаъолият менамоянд.

Мавриди зикр аст, ки 80  нафари онҳо  дар хобгоҳи  ҳамон сохтмон иқомат мекунанд. Сӯхтор дар натиҷаи  риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ рух додааст.

Боиси тазаккур аст, ки дар натиҷаи сӯхтор тақрибан 60 нафар шаҳрванди Тоҷикистон  молу ашё  ва зиёда  аз 17  нафар ҳуҷҷатҳояшонро аз даст додаанд. 

Бо мақсади кӯмаки фаврӣ ба шаҳрвандон, кормандони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд.

Зимни суҳбати кормандони Сафорат бо роҳбари иншооти сохтмонии мазкур Симонов А. А. ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки маблағи барқарорсозии ҳуҷҷатҳои шаҳрвандон ҳамчун ҷуброн аз ҷониби ин ширкат пардохта мегардад. 

Ҳамчунин ширкати мазкур дар  таъмин кардани шаҳрвандон  бо хобгоҳ, маводи либоса ва дигар лавозимоти зарурӣ омодагии худро изҳор кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.