Амруллоҳ Солеҳ: “Афғонистон луқмаи хурд нест, ки Покистон тавонад онро фурӯ барад”

Амруллоҳ Солеҳ, муовини пешини раёсатҷумҳурии Афғонистон пас аз муддатҳо дар паёми тозае дар Твиттераш навиштааст, ки натиҷаи дуюниммоҳаи ишғоли Афғонистон тавассути Покистон афзоиши 90  фоиз фақр, ғуломии занон зери номи шариъат, коҳиши 30 дарсадии тавлиди нохолиси миллӣ ва маҳдудияти расонаҳову озодии баён, бастабудани бонкҳо ва хуруҷи табақаи миёнаи ҷомеа аз кишвар будааст. Ӯ навиштааст: “Макони […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Амруллоҳ Солеҳ, муовини пешини раёсатҷумҳурии Афғонистон пас аз муддатҳо дар паёми тозае дар Твиттераш навиштааст, ки натиҷаи дуюниммоҳаи ишғоли Афғонистон тавассути Покистон афзоиши 90  фоиз фақр, ғуломии занон зери номи шариъат, коҳиши 30 дарсадии тавлиди нохолиси миллӣ ва маҳдудияти расонаҳову озодии баён, бастабудани бонкҳо ва хуруҷи табақаи миёнаи ҷомеа аз кишвар будааст.

Ӯ навиштааст: “Макони дипломатия аз Афғонистон ба Давҳа кӯчида, тасмимгирӣ дар бораи амнияти Афғонистон дар Раволпандии Покистон мегузарад”.

Ҳамчунин дар паёми твиттерӣ Амруллоҳ афзудааст, ки “ҳаққониҳо”, террористҳои омӯзишдида, мақом ба даст оварданд.

Дар идомаи паём Амруллоҳ Солеҳ хитоб намуда гуфтааст, ки муқовимат ягона роҳи ҳалли ҳифзи шаъну шарф ва хотимаи ишғолгароист:

“Ба ёд дошта бошед: Афғонистон луқмаи хурд нест, ки Покистон тавонад онро фурӯ барад. Танҳо вақт нишон хоҳад дод. Муқовимат дар ҳама ҷабҳаҳо ягона роҳи ҳалли ҳифзи шаъну шараф ва хотимаи ишғолгароӣ аст.Танҳо вақт лозим аст, то хезиши мардумӣ дубора шурӯъ шавад"- навиштааст Амруллоҳ Солеҳ.

Ёдовар мешавем, ки паёми Амруллоҳ Солеҳ дар пасманзари сафари дирӯзаи  Шоҳ Муҳаммад Қурайшӣ, вазири корҳои хориҷии Покистон  бо як ҳайати баландпояи Покистон ба Афғонистон нашр шуд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.