Дӯстум ҳушдорашро такрор кард: “Моро муттаҳам ба шурӯи ҷанг накунанд”

Маршал Дӯстум пас аз муддатҳо хомӯшӣ дар пасманзари Эъломияи "Шӯрои олии муқовимати миллии Ҷумҳурии исломии Афғонистон" дар Твиттераш навиштааст, ки агар Толибон эҷоди ҳукумат бо роҳи интихоботиро рад кунанд, Шӯро бар зиддашон мубориза хоҳад бурд. "Дар сурате, ки ба паёми сулҳ ва қатъи ҷанг посухи мусбат дода нашавад ва гурӯҳи Толибон аз пазириши ҳуқуқи миллиятҳои […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia Plus

Маршал Дӯстум пас аз муддатҳо хомӯшӣ дар пасманзари Эъломияи "Шӯрои олии муқовимати миллии Ҷумҳурии исломии Афғонистон" дар Твиттераш навиштааст, ки агар Толибон эҷоди ҳукумат бо роҳи интихоботиро рад кунанд, Шӯро бар зиддашон мубориза хоҳад бурд.

"Дар сурате, ки ба паёми сулҳ ва қатъи ҷанг посухи мусбат дода нашавад ва гурӯҳи Толибон аз пазириши ҳуқуқи миллиятҳои бузурги Афғонистон ва ҳуқуқи занон имтино варзанд ва мардумсолориву эҷоди ҳукумати мубтанӣ ба интихоботро рад кунанд, мо барои ба курсӣ нишондани ҳуқуқи мардум мутаъаҳҳид ба мубориза алайҳи истибдод ҳастем", – нигоштааст Маршал Дӯстум.

Ӯ навиштааст, ки "мо ҳеҷ гоҳ тарафдори ҷанг набуда ва нестем, аммо истибдод ва такравиро (инҳисоргарӣ)  низ намепазирем".

Дӯстум таъкид кардааст, ки бахши аввали эъломияи Шӯрои олии муқовимати миллӣ даъват ба мусолиҳа ва поён додан ба ҷанги 40-солаи Афғонистон аст.

"Ин дар воқеъ як рафъи масулият низ аст, то фардо касоне чашм баста моро муттаҳам ба шурӯъи ҷанг накунанд",- афзудааст оқои Дӯстум.

Ин дар ҳолест, ки Маршал Дӯстум қабл аз даргириҳову ҳарҷу марҷҳо ва суқути Кобул хитоб ба Толибон намуда гуфта буд, ки агар ба қаламрави вай ҳамлае сурат бигирад ҳамаашонро несту нобуд мекунад ва ӯро барои наслкушӣ муттаҳам накунанд.

Вай дар идомаи паёмаш муқовиматгарони Панҷшер, Андароб ва Каписоро "фарзандони ростини кишвар" ном бурда, ба онҳо изҳори сипос намудааст.

Ёдовар мешавем, ки "Шӯрои олии муқовимати миллии Ҷумҳури исломии Афғонистон” бо ҳузури чеҳраҳои сиёсӣ чун Абдураб Расули Сайёф, Муҳаммадюнус Қонунӣ, Ато Муҳаммади Нур, Абдурашиди Дӯстум, Муҳаммад Муҳаққиқ ва чанде шахсиятҳои сиёсии дигар эъломи мавҷудият кард.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.