Нуру Дустум “Шӯрои олии муқовимати миллии Афғонистон” таъсис доданд

"Шӯрои олии муқовимати миллии Ҷумҳури исломиb Афғонистон" бо ҳузури чеҳраҳои сиёсӣ чун Абдураб Расули Сайёф, Муҳаммадюнус Қонунӣ, Ато Муҳаммади Нур, Абдурашиди Дӯстум, Муҳаммад Муҳаққиқ ва чанде шахсиятҳои сиёсии дигар эъломи мавҷудият кард. Дар эъломияи шӯро омадаст, ки “давлат дар асари бекифоятӣ, инҳисоргарӣ ва фасоди густарда ва дар натиҷаи як муомилаи номардона ва хоинона дучори беназмӣ […]

"Шӯрои олии муқовимати миллии Ҷумҳури исломиb Афғонистон" бо ҳузури чеҳраҳои сиёсӣ чун Абдураб Расули Сайёф, Муҳаммадюнус Қонунӣ, Ато Муҳаммади Нур, Абдурашиди Дӯстум, Муҳаммад Муҳаққиқ ва чанде шахсиятҳои сиёсии дигар эъломи мавҷудият кард.

Дар эъломияи шӯро омадаст, ки “давлат дар асари бекифоятӣ, инҳисоргарӣ ва фасоди густарда ва дар натиҷаи як муомилаи номардона ва хоинона дучори беназмӣ ва низомӣ гардида, шерозаи давлат аз ҳам пошид".

Аъзои шӯро мехоҳанд мушкилоти Афғонистон аз тариқи сиёсӣ ҳаллу фасл гардад. Аммо таъкид мекунанд, “дар сурате, ки ҷониби муқобил ва ҳомиёнашон ба чунин роҳи ҳал тан надиҳанд, мо ночор ба бахши дуввуми мубориза (фаъолиятҳои низомӣ) мутавассил хоҳем шуд”.

Ин шӯро аз мавқеи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои  ба расмият нашинохтани Толибон истиқбол карда, аз Созмони милал ва кишварҳои ҷаҳон хостаанд, ки “ҳукумати якҷониба, истибдодӣ ва зидди ваҳдати миллии гуруҳи Толибонро ба расмият нашиносанд".

Таъкид мешавад, ки дар ҳукумати “Толибон” қавмҳо, занон, мазҳабҳо ва забонҳои расмӣ нодида гирифта шудааст ва баъзе аз аъзои кобинаи он шомили таҳримҳои СММ мебошанд.

Шӯрои олии муқовимат аз Толибон низ хостааст, то “куштори систематикӣ ва дастгиркунии  фаъолони низомӣ ва амнияти ҳукумати қаблиро” қатъ кунанд.

"Ҳамчунон аз озор ва азияти мардум,  кӯчҳои иҷборӣ,  ғасби амлок ва амволи мардум ва хушунат алайҳи шаҳрвандони кишвар даст бардошта музокироти мустақим ва созандаро бо "Шӯрои олии муқовимати миллии Ҷумҳурии исломии Афғонистон" оғоз намоянд",- зикр мегардад дар эъломия.

Дар охир "Шӯро" аз мардуми Афғонистон даъват кардааст, ки худро барои муқовимат омода созанд:

"Аз мардуми кишвар тақозо менамоем, ки худро барои як муқовимати душвор ва дарозмуддат дар баробари истибдоди дохилӣ ва таҷовузу ишғолгароии хориҷӣ омода кунанд".

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.