Занони эътирозгар дар Кобул: “Сукути СММ шармовар аст”

Date:

Шуморе аз занони афғон бо нишони эътироз назди бинои Созмони Милали Муттаҳид дар Кобул ҷамъ шуданд. 

Онҳо зери шиорҳои "Ҷаҳон аз хомӯшиатон мешармад" ва  "Беэътиноии Созмони миллал шармовар аст" хостори ҳаққи омӯзиш ва кор шудаанд.

Дар ин ҳол бархе аз занон ба хабаргузории маҳалӣ "Омоҷнюз" гуфтаанд, ки Толибон ба рӯзноманигорон иҷоза надоданд, ки раванди эътирозҳоро расонаӣ кунанд.

МЕДИА (IFRAME)

Эътирозҳои занон дар ҳолест, ки онҳо аз кор ва омӯзиш бозмондаанд ва мехоҳанд дубора сари  кор бираванд.

Намояндаҳои Толибон дар вокуниш ба хостаҳои занон ҳамчунон ба ваъдаҳояшон идома медиҳанд, аммо муддати се моҳи ҳукуматашон дар Афғонистон натавонистаанд ба ин эътирозҳо поён бахшанд.

МЕДИА (IFRAME)

Ба гузориши расонаҳо, Толибон пайваста аз расонаӣ кардани эътирозҳо ҷилавгирӣ мекунанд ва гоҳе барои пароканда намудани мардум аз тирпарронӣ истифода мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки яке аз хостаҳои ҷомеаи байнулмиллалӣ барои ба расмият шинохтани ҳукумати Толибон эҳтиром ба ҳуқуқи занон ва эҷоди кор ва иҷозаи кору таҳсил барои онҳо аст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати...

Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин...