СММ: Хатари гуруснагӣ 43 кишвари ҷаҳонро таҳдид мекунад

Бар асоси гузориши Барномаи ҷаҳонии озуқа Созмони Милали Муттаҳид, шумораи афроди дар хатари гуруснагӣ дар саросари ҷаҳон қарордошта, ба 45 миллион нафар расидааст. Ба хусус, дар Афғонистон шумораи одамоне, ки хавфи гуруснагии шадид доранд, афзудааст. Барномаи ҷаҳонии озуқа (WFP) дирӯз, 8 ноябр эълом кард, ки дар авоили соли ҷорӣ 42 миллион нафар дар хатари гуруснагӣ […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, махсус барои “Asia-Plus”

Бар асоси гузориши Барномаи ҷаҳонии озуқа Созмони Милали Муттаҳид, шумораи афроди дар хатари гуруснагӣ дар саросари ҷаҳон қарордошта, ба 45 миллион нафар расидааст. Ба хусус, дар Афғонистон шумораи одамоне, ки хавфи гуруснагии шадид доранд, афзудааст.

Барномаи ҷаҳонии озуқа (WFP) дирӯз, 8 ноябр эълом кард, ки дар авоили соли ҷорӣ 42 миллион нафар дар хатари гуруснагӣ қарор дошт, аммо ҳоло ин шумора ба 45 миллион нафар расидааст.

Дэвид Бисли, директори иҷроияи Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ гуфт, "даҳҳо миллион нафар ба вартаи нобудӣ ғарқ хоҳанд шуд". 

– Даргириҳо, тағйирёбии иқлим ва COVID-19 афзоиши шумораи гуруснагонро суръат бахшиданд. Тадқиқоти ахир нишон медиҳад, ки беш аз 45 миллион нафар дар 43 кишвари ҷаҳон дар остонаи гуруснагӣ қарор доранд, – афзуд ӯ.

Ба гуфтаи Барномаи ҷаҳонии озуқа, ин афзоиш асосан ба зиёд шудани шумори афроде, ки бо хатари гуруснагӣ дар Афғонистон ҳастанд, марбут аст. Вазъи фақр дар Афғонистон пас аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ дар моҳи август ва зери роҳбари Толибон қарор гирифтани кишвар, бадтар шудааст. Ҳоло наздик шудани зимистон вазъиятро нигаронкунанда карданист. Тибқи маълумоти Маркази парҳезии СММ, 95 дарсади афғонҳо дар ҳоли ҳозир ғизои кофӣ намехӯранд.

Ба зикри манбаъ, Афғонистон ба бузургтарин бӯҳрон дар ҷаҳон табдил мешавад ва эҳтиёҷоти ин кишвар аз дигар кишварҳои бадтарин – Эфиопия, Судони Ҷанубӣ, Сурия ва ҳатто Яман болотар аст. Тибқи арзёбии охирини IPC (стандарти ҷаҳонӣ барои арзёбии амнияти озуқаворӣ), дар Афғонистон дар маҷмӯъ 22,8 миллион нафар ҳоло бо норасоии шадиди ғизо рӯ ба рӯ ҳастанд.

Дар кишварҳои бӯҳронзада, назири Сурия, Яман ва Афғонистон қимати маводи сӯхт, маводи ғизоӣ ва ҳатто нуриҳои минералӣ боло рафта, вазъро шадидтар кардааст.

Танҳо дар Сурия 12,4 миллион нафар дар вазъияте қарор доранд, ки намедонанд ғизои навбатии худро аз куҷо бигиранд.

Манбаъ намегӯяд, боз кадом кишварҳои ҷаҳон дар хатар ба норасоии озуқа қарор доранд, вале таъкид дорад, хонаводаҳое, ки ба мушкилоти шадиди ғизоӣ рӯ ба рӯ мешаванд, "тасмимҳои харобиовар қабул мекунанд", аз он ҷумла, бархе аз онҳо духтарони зери синни 18-и худро ба шавҳар медиҳанд ва шиками фарзандонашонро бо малах ва барги дарахтон низ пур мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, расонаҳои Афғонистон  хабар медиҳанд, ки хонаводаҳо барои наҷоти худ фарзандонашонро мефурӯшанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.