Баррасии ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон дар Душанбе

Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Шараф Шерализода 9 ноябр бо сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собирӣ мулоқот кард. Тавре ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, аз ҷумла ташвиқи сармоягузорӣ, бонкдорӣ ва дигар мавзӯъҳои қобили таваҷҷуҳи тарафайнро мавриди баррасӣ қарор доданд. Гуфта мешавад, ҳамсуҳбатон ҳавасмандии […]

Asia-Plus

Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Шараф Шерализода 9 ноябр бо сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собирӣ мулоқот кард.

Тавре ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, аз ҷумла ташвиқи сармоягузорӣ, бонкдорӣ ва дигар мавзӯъҳои қобили таваҷҷуҳи тарафайнро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Гуфта мешавад, ҳамсуҳбатон ҳавасмандии худро барои ҳамкорӣ баҳри тавсеаи баъдии муносибатҳои мутақобилан судманди ду кишвар иброз карданд.

Аз дигар ҷузъиёти дидору гуфтушунид хабар дода нашудааст.

Ёдрас мекунем, ки зимни сафари президенти Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ ба Душанбе 18 сентябр байни Тоҷикистону Эрон 8 созишномаи ҳамкорӣ имзо шуд.

Аз рӯи натоиҷи дидору гуфтушунидҳо доир ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсату иқтисод, тиҷорату коммуникатсия, энергетикаву саноат, фарҳангу маориф ва илму амният изҳори омодагӣ шуд.

Барои афзоиши савдои дуҷониба байни давлатҳо пешниҳод шуд, ки Барномаи дарозмуҳлати ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ байни Тоҷикистону Эрон таҳия ва қабул шуда, Палатаи муштараки савдо ва саноат, инчунин Шӯрои муштарак оид ба сармоягузорӣ таъсис дода шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.