Сардори Раёсати корҳои дохилии ВМКБ генерал шуд

Рустам Мирзомуродзода, сардори Раёсати корҳои дохилии ВМКБ бо як фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз ба ифтихори таҷлили Рӯзи милиса рутбаи генерал-майори корҳои дохилиро соҳиб шуд. Дар баробари Мирзомуродзода, ҳамчунин ду нафари дигар ҳам рутбаи генералӣ дарёфт карданд. Мирзомуродзода аз моҳи майи соли 2020 дар мақоми сардори раёсати умури дохилии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон фаъолият […]

Asia-Plus

Рустам Мирзомуродзода, сардори Раёсати корҳои дохилии ВМКБ бо як фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз ба ифтихори таҷлили Рӯзи милиса рутбаи генерал-майори корҳои дохилиро соҳиб шуд. Дар баробари Мирзомуродзода, ҳамчунин ду нафари дигар ҳам рутбаи генералӣ дарёфт карданд.

Мирзомуродзода аз моҳи майи соли 2020 дар мақоми сардори раёсати умури дохилии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон фаъолият дорад.

Ӯ 52 сол дошта, дар мақомоти умури дохилӣ аз соли 1991 фаъолият дорад.

Генерал Мирзомуродзода фаъолияташро аз нозири БДА дар собиқ вилояти Кӯлоб оғоз карда, баъдан дар мақомҳои сардори Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии вилояти Хатлон, сардори Хадамоти давлатии "Муҳофиза" дар вилояти Хатлон, сардори Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилӣ дар вилояти Суғд, сардори Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилӣ дар шаҳри Душанбе ва муовини сардори РВКД дар ВМКБ фаъолият намудааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин чорабинии тантанавӣ ба муносибати “Рӯзи милитсияи тоҷик” гуфт, ки  танҳо дар даҳ соли охир ҳаҷми маблағгузории мақомоти милитсия аз ҳисоби буҷети давлат беш аз 150 фоиз афзуда, музди меҳнати кормандон ба ҳисоби миёна се баробар зиёд карда шуд.

Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, "дар ин муддат беш аз 750 корманд ва оилаҳои бесаробонмондаи кормандони милитсия бо манзили истиқоматӣ ва зиёда аз 3000 нафар бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин карда шуданд. Аз ҷумла, имрӯз дар рӯзи иди касбӣ боз 40 нафар корманди милитсия дар шаҳри Душанбе соҳиби манзили истиқоматӣ гардиданд. Ҳоло дар пойтахти мамлакат сохтмони боз як бинои истиқоматии бисёрошёна барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ идома дорад".

Дафтари матбуоти раёсатҷумҳурӣ мегӯяд, ки дар даврони истиқлол 100 нафар бо рутбаҳои олии афсарӣ ва 670 нафар бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.