Тоҷикистон бори дигар пешниҳод кард, ки омода аст барои расонидани ёриҳо ба Афғонистон даҳлез боз кунад

Тоҷикистон бори дигар ҷиҳати мусоидат ба ҷомеаи байнулмилалӣ дар расонидани кумаки башардӯстона ба Афғонистон тавассути қаламрави худ изҳори омодагӣ кард. Ба иттилои сафорати Тоҷикистон дар Русия, дар ин хусус зимни мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо (ИА) оид ба Афғонистон Томас Никлассон изҳори назар шуд. “Сафири Тоҷикистон бо тазаккур […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Тоҷикистон бори дигар ҷиҳати мусоидат ба ҷомеаи байнулмилалӣ дар расонидани кумаки башардӯстона ба Афғонистон тавассути қаламрави худ изҳори омодагӣ кард.

Ба иттилои сафорати Тоҷикистон дар Русия, дар ин хусус зимни мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо (ИА) оид ба Афғонистон Томас Никлассон изҳори назар шуд.

“Сафири Тоҷикистон бо тазаккур аз имкониятҳои нақлиётӣ ва логистикии кишвар, омодагии ҷумҳуриро ҷиҳати мусоидат ба ҷомеаи ҷаҳонӣ дар масъалаи интиқоли кӯмакҳои башардӯстона ба аҳолии Афғонистон тавассути қаламрави Тоҷикистон изҳор дошт”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, дар рафти суҳбат ҷонибҳо роҷеъ ба вазъи кунунии Афғонистон ва эҳтимоли таҳдиди он ба амнияти минтақа изҳори назар карданд.

Ҷиҳати мусоидат дар ҳалли ҳарчи зудтари қазияи дохили Афғонистон аҳамияти таҳкими ҳамкориҳои минбаъдаи Тоҷикистон ва ИА таъкид шуд.

Дар ин росто, миёни ҳамсуҳбатон перомуни роҳҳои минбаъдаи кӯмакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон, аз ҷумла зарурати мусоидат дар барқарорсозии иқтисоди он кишвар табодули афкор сурат гирифт.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.