Патрушев: “Дар Афғонистон зиёда аз 20 сохтори террористӣ фаъолият доранд”

Беш аз 20 сохтори террористӣ, ки тибқи маълумоти гуногун, зиёда аз 23 ҳазор ҷангҷӯйро дар сафҳояшон муттаҳид мекунанд, дар Афғонистон фаъолият доранд. Дар ин бора зимни натиҷагирӣ дар чаҳорчӯби муколамаи минтақавии Деҳлӣ дар мавриди масоили амният дар Афғонистон рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта котиби Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев ба рӯзноманигорон изҳори назар кард, хабар медиҳад […]

Беш аз 20 сохтори террористӣ, ки тибқи маълумоти гуногун, зиёда аз 23 ҳазор ҷангҷӯйро дар сафҳояшон муттаҳид мекунанд, дар Афғонистон фаъолият доранд. Дар ин бора зимни натиҷагирӣ дар чаҳорчӯби муколамаи минтақавии Деҳлӣ дар мавриди масоили амният дар Афғонистон рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта котиби Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев ба рӯзноманигорон изҳори назар кард, хабар медиҳад ТАСС.

Ӯ зикр кард, ки иштирокчиёни нишаст вазъи кунунӣ дар Афғонистон, пеш аз ҳама дар мавриди таъмини амният, инчунин пайомадҳои он ба минтақаву ҷаҳонро баррасӣ карданд.

“Терроризм ҳамоно таҳдиди асосӣ аз самти Афғонистонбоқӣ мемонад. Тибқи ҳисобҳои гуногун, дар ҳоли ҳозир дар Афғонистон беш аз 20 сохтори террористӣ, ки шумори умумии онҳо беш аз 23 ҳазор ҷангҷӯро ташкил медиҳад, фаъолият мекунанд”, – иброз доштааст котиби Шӯрои амнияти Русия.

Вай таваҷҷуҳро ба он ҷалб кардааст, ки "манбаъҳои аслии таъмин"-и фаъолиятҳои террористӣ мисли пешин даромад аз қочоқи маводи мухаддир ва ҳамчунин "ситонидани ба истилоҳ андоз аз гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ мебошанд, ки ба истеҳсол ва паҳн кардани маводи мухаддир машғуланд".

"Афғонистон бузургтарин истеҳсолкунандаи афюн дар ҷаҳон боқӣ мемонад, ки то 90 дарсади бозори ҷаҳониро таъмин мекунад", – афзудааст ӯ.

Дар ин нишаст котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода низ аз таҳдидҳои террористӣ аз Афғонистон ва вазъи мушкил дар марзи Тоҷикистон бо ин кишвар изҳори нигаронӣ кардааст, хабар медиҳад АМИТ “Ховар”.

«Вазъият дар марзи Афғонистон ва Тоҷикистон мураккаб боқӣ монда, хатари террористӣ аз ҷониби Афғонистон афзоиш меёбад», — гуфтааст ӯ.

Маҳмудзода хотиррасон намудааст, ки Тоҷикистон бо Афғонистон марзи тӯлонӣ дошта, ба ин далел ҷумҳурӣ «дар сафи пеши мубориза бо таҳдидҳои терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар намудҳои ҷиноятҳои фаромарзӣ дар минтақа қарор дорад».

Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон ҳамчунин аз пешниҳоди кумакҳои байналмилалӣ ба мардуми Афғонистон ба манзури ҷилавгирӣ аз фалокати башарӣ ёдовар шудааст.

«Дар айни замон таҳти таъсири якчанд омили манфии дорои хусусияти ҳарбию сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ ба Афғонистон фалокати ҷиддии башардӯстона таҳдид мекунад ва хатари буҳрони нави муҳоҷиратӣ низ афзоиш меёбад”, – иброз доштааст Маҳмудзода.

Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон омода аст имконоти логистикии худро барои расонидани ҳар гуна кумак ба кишвари ҳамсоя пешниҳод  ва дар ин замина метавонад ба созмонҳои байналмилалӣ кумак кунад.

Ӯ илова намудааст, ки  дар шароити феълӣ зарурати сафарбар кардани талошҳои оҷили ҷомеаи ҷаҳонӣ ба миён омадааст.

Қобили зикр аст, ки дар Деҳлии Нав (Ню-Дели) таҳти раёсати мушовири Сарвазири Ҳиндустон оид ба амнияти миллӣ Аҷит Довал муколамаи минтақавӣ оид ба масоили амниятӣ дар Афғонистон ҷараён дорад. Дар нишаст Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат доранд.

Бо натиҷагирӣ аз кори муколамаи минтақавӣ оид ба масоили амниятӣ дар Афғонистон дар Деҳлии Нав изҳороти муштарак қабул шуд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.