Ду ҳолати нав дар Тоҷикистон: Шумори фавт аз COVID-19 дар ҷаҳон аз 5 млн гузашт

Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон ду ҳолати нави сироят аз коронавирус ошкор шуд, хабар дода мешавад дар сомонаи Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ. Дар хабари Вазорат аз ҷузъиёти дигар, аз ҷумла дар кадом интақаи ҷумҳурӣ сабт шудани ин ду ҳолат маълумот дода намешавад. Дар маълумоти Вазорат гуфта мешавад, ар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз  дар кишвар 17 […]

Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон ду ҳолати нави сироят аз коронавирус ошкор шуд, хабар дода мешавад дар сомонаи Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ.

Дар хабари Вазорат аз ҷузъиёти дигар, аз ҷумла дар кадом интақаи ҷумҳурӣ сабт шудани ин ду ҳолат маълумот дода намешавад.

Дар маълумоти Вазорат гуфта мешавад, ар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз  дар кишвар 17 ҳазору 90 нафар гирифторони сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 16 ҳазору 962 нафар  шифо ёфтаанд. Инчунин аз бемории мазкур 124 нафар шаҳрвандони мамлакат фавтидаанд.

Дар ҳамин ҳол, вазъи сироятёбӣ ва маргумир аз коронавирус дар саросари дунё то ҳол мушкил боқӣ мемонад.

Ба гунаи мисол, шабонарӯзи гузашта дар Олмон шумори рекории сироятёбӣ аз COVID – 50 ҳазору 196 нафар (рекорди пешин – 39 ҳазору 676 нафар) ба қайд гирифта шудааст.

Дар Олмон ҳамагӣ зиёда аз 4,8 млн нафар аз коронавирус сироят ёфтаанд. Аз ин беморӣ шабонарӯзи сипаришуда 235 нафар фавтида, шумори умумии фавтидагон аз ин беморӣ аз оғози хуруҷи пандемия ба 97 ҳазору 198 нафар расидааст.

Бино ба маълумоти Донишгоҳи Хопкинс, то субҳи 11 ноябр дар саросари дунё бар асари сироят аз коронавирус 5 млн 71 ҳазору 824 нафар фавтида, шумори сироятёфтагон – 251 млн 352 ҳазору 390 нафарро ташкил медиҳад.

Дар кишварҳои зерин шумори аз ҳама бештари шумори фавтидагону сироятёфтагон сабт шудааст: ИМА – 758 877 фавт ва 46 786 131 сироятёфта, Бразилия – 610 036 / 21 909 298, Ҳиндустон  – 461 849 / 34 388 579, Мексика  – 290 110 / 3 831 259 ва Русия  – 245 794 / 8 764 713.

Ба даҳгонаи аввали кишварҳо инчунин Перу – 200 502 / 2 208 891, Индонезия – 143 592 / 4 249 323, Британияи Кабир – 142 772 /  9 451 884, Италия – 132 551 / 4 826 738 ва Колумбия – 127 640 / 5 021 619 шомиланд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.