Чин захираҳои тиллои Панҷакентро коркард мекунад, Тоҷикистон мувофиқат кард

Ҳукумати Тоҷикистон ба коркарди маҷмӯии конҳои “Тарор”-у “Ҷилав” дар қаламрави шаҳри Панҷакент аз сӯйи корхонаи муштарак (КМ)-и “Зарафшон” мувофиқат кард. Қарори ҳукумат дар ин бора охири моҳи октябри соли равон қабул шудааст. Дар лоиҳаи созишнома бунёди корхонаи металлургӣ барои берун кашидани маҷмӯии тилло ва мис тавассути оксидкунии фишурда аз хокаҳои бойгардонидашудаи тилло ва мис пешбинӣ шудааст. Дар назар […]

Ҳукумати Тоҷикистон ба коркарди маҷмӯии конҳои “Тарор”-у “Ҷилав” дар қаламрави шаҳри Панҷакент аз сӯйи корхонаи муштарак (КМ)-и “Зарафшон” мувофиқат кард.

Қарори ҳукумат дар ин бора охири моҳи октябри соли равон қабул шудааст.

Дар лоиҳаи созишнома бунёди корхонаи металлургӣ барои берун кашидани маҷмӯии тилло ва мис тавассути оксидкунии фишурда аз хокаҳои бойгардонидашудаи тилло ва мис пешбинӣ шудааст.

Дар назар аст, ки сохтмони корхона дар муддати ду сол ба поён расида, охири соли 2023 ба истифода дода шавад.

Қобили зикр аст, ки зиёда аз 70%-и тиллои дар Тоҷикистон истеҳсолшуда ба корхонаи муштараки “Зарафшон” рост меояд.

Барои коркарди маҷмӯии конҳо ва сохтмони корхона КМ “Зарафшон” ба сармоягузорӣ дар ҳаҷми 117 млн доллар уҳдадор мешавад.

Дар қарор ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи супориш дода шудааст, ки бо КМ “Зарафшон” аз номи ҳукумат созишнома ба имзо расонида, барои баррасиву тасдиқ  онро ба палатаи поёнии парлумон пешниҳод намояд.

Созишнома аз замони мавриди амал қарор гирифтанаш, ба муддати 10 сол амал мекунад.

Дар лоиҳаи созишнома гуфта мешавад, КМ “Зарафшон бар асоси иҷозатномаҳои амалкунандааш ба коркарди кони “Тарор” ва “Ҷилав” дорои ҳамаи ҳуқуқҳои зарурӣ мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.